Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ: аз ҳисоби сайёҳон 81 миллиону 994 ҳазор доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқи мамлакат ворид гардид

Июль 15, 2016 14:00

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 июли соли равон  нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти  ин мақомот дар нимсолаи   аввали соли 2016 зикр намуд, ки яке аз дастовард ва рӯйдоди муҳими соҳа дар давраи ҳисоботӣ ин 27 май бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардидани нахустини ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон  мебошад, ки дар асоси он Нақшаи чорабиниҳои кумита иборат аз 20 банд ба тасвиб расида, айни замон  баҳри татбиқи онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
«Ба Кумита соли равон дар натиҷаи эълони озмуни Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон 54 кор аз муассисаҳои илмӣ пешниҳод  шудааст, ки он дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад ва то имрӯз 137 нафар олимони ҷавон сазовори ҷоизаи мазкур гардидаанд», -гуфт Аҳтам Абдуллозода ва илова намуд, ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2005 ин ҷониб Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷавонони фаъолу аълохон таъсис дода шудааст, ки  айни замон 300 нафар ҷавонони лаёқатманд гирандагони ин стипедия ба ҳисоб рафта, маблағи якмоҳаи он 378 сомонӣ мебошад.
Аҳтам Абдуллозода ҳамчунин зикр намуд, ки кумита бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар нимсолаи аввали соли равон ба 12 ҷавон 10400 сомонӣ ба  3 ҷавондухтар  як адади мошинаи дарздӯзӣ ва ба 8 нафари дигар аробачаи маъюбӣ тақдим намуд, ки ин нисбат ба соли 2015 6 нафар зиёд мебошад.

Дар  нишасти матбуотӣ инчунин зикр гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ  кумита ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии маводи нашъаовар, Маркази ҷавонон ва ташкилоти ҷамъиятӣ 345  чорабинии пешгирикунанда, аз қабили машваратҳои омӯзишию иттилоотӣ, фарҳангию солимгардонӣ баргузор карда шуданд, ки дар онҳо 92474 нафар фаро гирифта шуда, дар ин раванд 5000 маводи иттилотӣ ба ҷавонон тақсим карда шуд.
Масъулини кумита  иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2016 ба кишвар 209 ҳазору 511 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 163 ҳазору 988 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 16 ҳазору 723 нафар зиёд буда,  аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 81 миллиону 994 ҳазор доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқи мамлакат ворид гаштааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 361 ҳазору 500 доллар зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр карданд, ки кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёфта, дар мавзӯҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонон,  пешгирии роҳи воридшавии фарҳанги бегона, даст задан ба омилҳои номатлуб, шомил шудан ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ, паст намудани омилҳое, ки барои паҳн гардидани ақидаҳои экстремистии динӣ мусоидат менамоянд, дар маҷмӯъ 67 мулоқоту вохӯриҳо, 34 мизи мудаввари машваратӣ, 6 машварати омӯзишӣ ва 53 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо фарогири 89560 нафар амалӣ шуданд.

Июль 15, 2016 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд