Литсейи касбии махсуси маъюбон: хонандагон дар баробари омӯзиши касбу ҳунар табобат мегиранд

Июль 19, 2016 18:02

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе  — ягона макони таълиму тадрис ва бо ҷойи кор таъмин намудани маъюбон дар пойтахт  маҳсуб шуда, аз рӯйи шаш ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Қисмати зиёди хатмкардаҳои Литсей ҳамчун мутахассиси пойафзолдӯзӣ дар Заводи ортопедии шаҳри Душанбе фаъолият дошта, барои маъюбон  маҳсулоти ориятӣ  истеҳсол менамоянд.

Мавлуда Саидаҳмадзода, директори муассисаи  мазкур дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» фаъолияти  Литсейро тӯли 5 соли мавҷудияташ шарҳ дода,  аз ҷумла зикр намуд, ки  дар Литсей   263 нафар хонандагони ниёзманд ба таҳсил фаро гирифта шуда, он дорои 10 синфхонаи назариявӣ, 6 устохона, 6 синфхонаи умумӣ ва 4 хонаи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳамчунин китобхонаи электронӣ, қироатхона, бунгоҳи тиббӣ ва ошхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Литсейи касбии махсуси маъюбон дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино воқеъ гардида, дар  гурӯҳҳои радиомеханика, телевизион, системаи роёна, интернет  технология, ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ барои касбомӯзон  шароити хуби зиндагиву омӯзиши касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки   маҳсули дастранҷи дӯзанда  тарроҳони моҳири Литсей  қобили таваҷҷуҳ гардидааст. Кори дастии  бо  санъати баланд офаридаи онҳо метавонад на танҳо диққати мардуми кишвар, балки сайёҳони хориҷиро низ ҷалб намояд. Барои ин ташкили намоиш  фурӯши маҳсулоти дастии онҳо ба манфиат аст ва маъмурияти Литсей дар пайи амалӣ гардидани он аст.

Хонандагони Литсей аз  имкониятҳои васеи таълимӣ дар муассиса васеъ истифода бурда,  метавонад баъд аз хатми он бе монеа ба донишгоҳҳо дохил шаванд,  зеро ҳангоми қабул ба мактабҳои олии касбии кишвар  аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Бо дастгирии устодону омӯзгорони пуртаҷриба хонандагон  кӯшиш менамоянд, ки  бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои баланд бардоштани маънавиёти худ  аз китобхонаи электронӣ, ки дорои адабиёти зиёди бадеиву  таълимӣ мебошад, самаранок истифода мебаранд.

IMG_0020Табибони  бунгоҳи тиббию ҳуҷраи физиотерапевтӣ, ки  аз 7 нафар иборатанд, ба солимгардонии хонандагони маъюб аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Барои беҳсозии саломатии онҳо утоқи тавонбахшӣ бо воситаҳои ҳаракатдиҳандаи узвҳои бадан, маҳс, сандалии барқӣ амал мекунанд.

Сарпарасти асосии Литсейи касбии махсуси маъюбон  Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд вобаста шудааст. Вазорат дар давоми чанд соли охир барои таъмини муассиса бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва утоқи таъмири ашёи рӯзгор мусоидат намудааст.

Бо вуҷуди ин, муассисаи таълимӣ ба толори варзишии дорои таҷҳизоти солимгардонӣ ниёз дорад. Зеро маҳз ривоҷи варзиш дар литсей омили бардамиву рӯҳи солими маъюбон мегардад. Ҳамчунин литсейи касбии махсуси маъюбон ба таъмир ниёз дорад, утоқҳои хоб ва баъзе аз синфонахонаҳои таълимӣ аз дастгоҳҳои муътадилсозии ҳавои хона  маҳруманд. Феълан 100 нафар хонандагони маъюб дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳҳо сафарбар шудаанд. Масъулони соҳа умед бар он доранд, ки бартараф сохтани мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби сарпарасти кул ва дигар шахсони хайрхоҳ боиси сарфарозии ҳар як касбомӯз гардида, дар солимии ин қишри ҷудонопазири ҷомеа мусоидат мекунад.

Июль 19, 2016 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид