Мавлуда Қаландарзода: «Меъёрҳои Қонуни нав муроҷиаткунандаро барои риояи қонунгузорӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ӯҳдадор менамояд»
Душанбе, 17.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл зимни ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 34 масоили муҳими ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятӣ ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул шуда буд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо аъзои гурӯҳи ташаббускори лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавлуда Қаландарзода мусоҳиба анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Зарурат ва моҳияти пешниҳод шудани қонуни нав оид ба муроҷиати шаҳрвандон аз чӣ иборат аст?
М.Қаландарзода: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатиро низ кафолат додааст, ки он ҳамчун воситаи муҳими конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати ҳуқуқии ҳимояи онҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дониста мешавад. Дар заминаи ин муқаррароти Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» соли 1996 қабул гардида буд, ки меъёрҳои он то ба имрӯз барои танзими муносибатҳо вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизмат кардааст. Тавре ки худатон медонед, дар раванди демократикунонӣ ва рушди бемайлони ҷомеа муносибатҳои ҳуқуқӣ низ тағйир меёбанд ва такмил додани қонунгузорӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад, зарурати воқеӣ аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мунтазам дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба роҳ мондани қабули шаҳрвандонро ҳамчун самти муҳими фаъолияти вазорату идораҳо дар таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти фаъолияти онҳо арзёбӣ менамоянд.
Ҳамчунин, бояд гӯям, ки Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2011, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»-ро пешбинӣ намудаанд.
Бинобар ҳамин аз ҷониби як гурӯх вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Азизӣ, М.Ватанзода, Н.Содиқова ва банда бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои зикршуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.
АМИТ «Ховар»: Қонуни мазкур аз чанд боб ва моддаҳо иборат ёфта, кадом масъалаҳоро дар бар гирифтааст ва чӣ навгониҳоро пешниҳод кардааст?
М.Қаландарзода: Қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 27 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқро дар бар мегирад. Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доираи амали Қонуни мазкур, принсипҳое, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо асос меёбанд, пешбинӣ гардидаанд. Боби дуюм кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиатро фаро мегирад. Боби сеюм ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва талабот ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, дар он меъёрҳо оид ба ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, тартиби қабули шахсӣ ва талабот зимни пешниҳоди муроҷиатҳо муқаррар гардидааст. Боби чоруми лоиҳаи Қонун тартибу муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабул, бақайдгириву баҳисобгирии муроҷиатҳо, фиристонидан аз рӯи тобият ва моҳиятан баррасӣ намудани онҳоро дар бар мегирад.
Боби панҷум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он масоили ҷуброни зарари расонидашуда, назорати риояи баррасии муроҷиатҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи нав аз қонуни амалкунанда бо як қатор меъёрҳои нави худ фарқ мекунад. Аз ҷумла, доираи субъектони муроҷиат васеъ гардида, дар баробари шахсони воқеӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар сатҳи қонун имконият фароҳам оварда мешавад, ки ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон муроҷиат намоянд. Мафҳумҳои асосӣ такмил дода шуда, мазмуни ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати такрорӣ, шахсони баррасикунандаи муроҷиат, китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудаанд. Инчунин, дар лоиҳаи Қонун нисбати шаклҳои муроҷиат, яъне хаттӣ, шифоҳӣ ва электронӣ талабот гузошта шудааст. Дар ҳар ҳолат шахсияти муроҷиаткунанда, мақсади муроҷиат ва талаботи ӯ бояд муайян бошад.
Инчунин принсипҳо, манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ба муроҷиат, муроҷиатҳо тавассути телефон, тартиби қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳои алоҳида, асосҳои бе баррасӣ монондани муроҷиатҳо меъёрҳои нав дар қонуни пешниҳодшуда мебошанд.
Бо дастури Роҳбари давлат бобати таъмини фаъолияти шаффоф, осону дастрас гардонидани иттилоот, мубориза бо омилҳои коррупсионӣ имрӯз дар ҳамаи вазорату идораҳо телефонҳои боварӣ фаъол ҳастанд. Қонуни нав ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тавассути телефон муроҷиат намуданро имконият медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Оё дар қонуни нав ба худи муроҷиаткунандагон низ ягон уҳдадорӣ гузошта шудааст? Тартиби муроҷиат тавассути ВАО чӣ гуна буда, татбиқи ин қонун дар амал чӣ натиҷаҳо медиҳанд?
М.Қаландарзода: Тавре Конститутсия пешбинӣ менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун бояд таъмин бошад. Вобаста ба ин вақте, ки шахс, новобаста аз он ки шаҳрванд аст ё шахси ҳуқуқӣ, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодии худ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат мекунад, дар навбати худ вазифадор аст, ки тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд. Яъне меъёрҳои Қонуни мазкур муроҷиаткунадаро ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ӯҳдадор менамояд.
Марбут ба ин ӯҳдадорӣ меъёреро қонун муқаррар менамояд, ки агар муроҷиаткунанда дар муроҷиаташ ифодаҳои қабеҳ ё таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки роҳбарони мақомоту ташкилоти дахлдор баён карда бошад, шахсони баррасикунандаи муроҷиат ҳуқуқ доранд чунин муроҷиатҳоро бе ҷавоб монанд. Вале қонун онҳоро вазифадор менамояд, ки дар ин хусус бояд ба муроҷиаткунанда посух диҳанд. Ҳамзамон шахсе, ки таҳқир ё нисбаташ таҳдид ҷой дорад, ҳуқуқи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат карданро дорад.
Риоя нагардидани талаботи номбаршуда оқибатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ намудааст. Ин ҷо дар назар дошта мешавад, меъёрҳои моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур, яъне дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун муроҷиат мавриди баррасӣ қарор намегирад ё худ он бе баррасӣ мононда мешавад. Аз тарафи дигар масъулияти шахсони баррасикунандаи муроҷиат низ ба таври дақиқ пешбинӣ карда шудааст. Ба монанди манъ будани рад кардани қабули шахсони воқеиву ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарон ё шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ҳатман ба қайд гирифтани муроҷиат, дар муҳлати пешбинигардида баррасӣ намудани он, ба тариқи ҳатмӣ ҷавоби асоснок додан ба муроҷиат, андешидани тадбирҳои амалӣ барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгардида мустаҳкам карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби шахсони баррасикунандаи муроҷиат риоя накардани талаботи қонун оид ба муроҷиати шаҳрвандон низ боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои қонуният, талаботи ягона ба муроҷиатҳо, кафолати риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда, роҳ надодан ба расмиятпарастӣ ва кашолкорӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳо, баробарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо, ҳамаҷониба ва холисона баррасӣ кардани муроҷиатҳо ва ғайра асос меёбанд.
Инчунин масъулияти роҳбарон оида ба ташкил намудани қабули шаҳрвандон, тартиби баррасии муроҷиатҳо тавассути матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, муроҷиатҳои дастҷамъона, муроҷиати муаллиф ба якчанд мақомоту ташкилоти дахлдор ва дигар масоили ба муроҷиат алоқаманд дар Қонун ба таври мушаххас нишон дода шудаанд.
Қабули Қонуни мазкур дар таҳрири нав қонунгузориро дар масъалаи сиёсати идоракунии давлатӣ ҳисси масъулиятнокии роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳоро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон таҳким бахшида, татбиқи он дар амал барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
А.Сангзода
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос мебошад, солҳои тӯлонӣ дар мансаби судя ва муовини Раиси Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз моҳи марти соли 2015 депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз тарафи ҲХДТ пешбарӣ шудааст). Ҳоло муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мебошад.