Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»

Сентябрь 9, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат табдил ёфта, дар ин давра заминаҳои ҳуқуқию меъёрӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва доираи хизматрасониҳо ба таври назаррас рушд намуданд. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими соҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар робита ба дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши сиёсати давлатӣ дар рушди соҳа, афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва вазифаҳои минбаъда дар доираи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба кадом дастовардҳои муҳим ноил гардид?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, ба  яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ – соҳаи сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуд. Сиёсатгузории дуруст дар ин соҳа тавонист боиси афзун гаштани даромади мамлакат ва боло рафтани мақоми байналмилалии Тоҷикистон гардад. Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ташаккул додани қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои сайёҳӣ муваффақ гашт.

Маҳз сиёсати дарҳои кушод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи давлат ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, дар маҷмуъ, ба тамоми намудҳои нишондиҳандаҳои сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад.

Бо таъсиси ниҳоди ҷудогона – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наве дар ин соҳа оғоз гардид. Барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар мамлакат даҳҳо иншооти сайёҳӣ ва тафреҳӣ бунёд гардида, ҷуғрофияи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурӣ пайваста меафзояд.

Маҳз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Стратегия вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои рушди соҳа то соли 2030, самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии шаклҳои сайёҳӣ, маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фурӯш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадот ва раводид, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин имконоти рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, низоми мониторинг ва арзёбии татбиқи босамари стратегия муқаррар карда шудааст.

Эълон гардидани «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (соли 2018) ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва дастгирии ҳунармандони ватанӣ равона шуд.

Дар идомаи ин ташаббус солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуданд. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва муаррифии имконияти сайёҳии давлат дар сатҳи байналмилалӣ буд.

Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон–шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе–пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии «Саразм», «Боғи миллӣ», «Хутали Қадим», ва мероси ғайримоддии фарҳангӣ «Чакан- санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷашнҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла «Иди Наврӯз», таоми миллӣ «Оши палав» ва «Мусиқиҳои Шашмақом ва Фалак» далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гашт.

Дар доираи иҷрои стратегия сиёсати «дарҳои кушод» ва сода намудани низоми раводид ба афзоиши ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуд. Низоми электронии раводид (E-Visa), реҷаи бераводид бо якчанд давлатҳо ва содагардонии расмиёти бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ шароити мусоидро барои воридшавии сайёҳон муҳайё кард. Дар натиҷа, нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати амну дорои имконияти васеи сайёҳӣ баланд гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобил ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ҳамзамон табодули таҷриба аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 санади ҳамкорӣ бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷи дуру наздик ба имзо расонида шуд.

Дастоварди дигари муҳим афзоиши назарраси шумораи сайёҳони хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин, муаррифии байналмилалии Тоҷикистон, рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, деҳотӣ ва дохилӣ, ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб мераванд.

АМИТ «Ховар»: Кадом омилҳо рушди соҳаи сайёҳиро  дар замони соҳибистиқлолӣ таъмин намуданд?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Нақши сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаи сайёҳӣ калидӣ арзёбӣ менамоем. Маҳз таҳкими сулҳу субот, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо, ободонии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии соҳибкорӣ замина фароҳам овард, ки Тоҷикистон тавонист имконияти воқеии сайёҳии худро ба бозори байналмилалӣ пешниҳод намояд.

Бо ташаббуси Сарвари давлат масъалаи рушди сайёҳӣ пайваста дар сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим пайдо карда, барои соҳа санадҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Ҳамчунин эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва дигар анъанаҳои фарҳангӣ, ба ташаккули симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакат дорои таъриху фарҳанги қадима мусоидат намуд.

Дастовардҳои Тоҷикистон  дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати  оқилонаи  Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат ду ҷанбаи бисёр муҳим амалӣ мешаванд, ки таваҷҷуҳ ба онҳо моҳияти асосии ин сиёсатро нишон медиҳад;

– якум – муҳаббати беандоза ба сарзамин ва мардуми Тоҷикистон. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама худашон ин сарзамини биҳиштосоро дӯст дошта, худашон мафтуни ҳар гӯшаи нотакрори ин диёр ҳастанд ва  мехоҳанд онро бо камоли ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ба ибораи дигар, ҳамчун ватандӯсти асил ва ҳамчун соҳибхонаи боҳиммат мехоҳанд тамоми оламиёнро ба ин кошонаи нотакрору пурифтихори аҷдодии худ даъват намоянд ва  сарбаландона меҳмон кунанд. То ҷаҳониён бо сарзамини зебои тоҷикон, мардуми меҳмоннавози тоҷик ва фарҳангу ҳунари волои миллат ошно гарданд. Бешубҳа, ин муҳаббати бепоёну ин ифтихори баланди Сарвари давлат нисбат ба Ватани азиз ва мардуми шарифи халқи тоҷик бояд барои ҳар яки мо намунаи ибрат ва сабақи бузурги ватандорӣ бошад;

– дуюм – дар ин талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси бузурги ғамхорӣ нисбат ба рӯзгори мардуми давлат ифода меёбад. Зеро рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, беҳбуди вазъи зиндагии мардум, афзоиши даромади аҳолӣ, ободии шаҳру деҳоти давлатро дар пай дорад. Дар рушди ин соҳа манфиати ҳар сокини мамлакат, ҳатто сокинони минтақаҳои дурдасти мо нуҳуфтааст.

Сайёҳӣ на танҳо барои  давлат шуҳрат  меафзояд, балки ба ҳар гӯшаи он сармоя  ворид месозад,  ба ҳар деҳа ободӣ меорад, ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам мекунад. Ин аст, ки рушди сайёҳӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, балки он ҳамзамон  барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст.

Бо назардошти ин, кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари  давлат тамоми неру ва захираю имконияти худро барои татбиқи ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ равона мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ чӣ гуна тағйир ёфтааст?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ соҳаи сайёҳии Тоҷикистон имрӯз аз лиҳози шумораи меҳмонони хориҷӣ, доираи хизматрасониҳо, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори меҳмонпазирӣ ба марҳилаи сифатан нав расидааст. Агар дар солҳои аввали истиқлол соҳа дар шароити мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва маҳдуд будани имконияти инфрасохторӣ қарор дошта бошад, имрӯз сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисод табдил ёфта, дар доираи сиёсати давлатии «дарҳои кушода» ва барномаҳои дарозмуддати соҳавӣ пайваста рушд мекунад.

Таҳлили омори солҳои охир нишон медиҳад, ки тамоюли рушди соҳа устувор аст. Аз ҷумла, агар соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 431 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омада бошад, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар расидааст.

Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз шумораи умумии 1 миллиону 63,4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, 889,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025   16,7 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯз инфрасохтори сайёҳӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдасти мамлакат рушд мекунад. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меҳмонхонаҳои хурд, гестҳаус ва ҳомстейҳо фаъолият намуда, барои сайёҳон имкони шиносоии мустақим бо фарҳанг ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллиро фароҳам меоранд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар давраи истиқлол Тоҷикистон на танҳо шумораи сайёҳони хориҷиро ба маротиб афзоиш додааст, балки худи муҳити сайёҳӣ – аз заминаи ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ то меҳмонхона, нақлиёт, хизматрасонӣ ва маҳсулоти сайёҳӣ ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Вазифаи марҳилаи минбаъда баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани ҳиссаи сайёҳони кишварҳои хориҷи дур, рушди инфрасохтор дар минтақаҳо, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва табдил додани афзоиши шумораи сайёҳон ба манбаи устувори даромад ва ҷойи нави кор мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ чанд лоиҳаи муҳим амалӣ гардид?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Дар ин маврид бояд таъкид намуд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ танҳо бо лоиҳаҳое маҳдуд намешавад, ки бевосита бо номи «сайёҳӣ» амалӣ шудаанд. Бисёр лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, ободонӣ ва инфрасохторӣ низ ба дастрасии мавзеъҳои сайёҳӣ таъсир расонидаанд.

Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ», ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мешавад, нақшаҳои генералии сайёҳии Душанбе ва атрофи он, минтақаи кӯҳҳои Фон ва Панҷакент, инчунин дигар самтҳои муҳими банақшагирии сайёҳӣ таҳия мешаванд. Дар доираи ҳамин лоиҳа инчунин таҳияи рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» 15 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷудо гардида, ба самти рушди инфрасохтор ва муаррифии иқтидори соҳа равона гардид. Аз ин рӯ, агар ҳама лоиҳаҳои мустақим ва ғайримустақими инфрасохториро ба назар гирем, шумораи онҳо хеле зиёд аст ва ҳисобкунии онҳо бояд тибқи манбаи маблағгузорӣ ва самти лоиҳа анҷом дода шавад.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон имрӯз дар бозори байналмилалии сайёҳӣ чӣ мавқеъ дорад ва кадом омилҳо ба баланд гардидани обрӯи сайёҳии мамлакат мусоидат намудаанд?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Имрӯз Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ ҳамчун самти дорои имконияти бузурги сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва саёҳати фаъол бештар шинохта мешавад.

Натиҷаи ин равандро метавон дар арзёбиҳои байналмилалии солҳои охир низ мушоҳида кард. Масалан, нашрияи бонуфузи сайёҳии «Lonely Planet» Тоҷикистонро ба рӯйхати «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид намуда, мамлакатро яке аз самтҳои ҷолиб барои саёҳат дар муҳити кӯҳсор тавсия додааст.

Бояд гуфт, ки ба баланд гардидани обрӯи сайёҳии мамлакат чанд омил мусоидат мекунад – суботи сиёсӣ ва амният, табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, пиряхҳо ва кӯлҳо, мероси бойи таърихию фарҳангӣ, меҳмоннавозии мардум, беҳтар шудани роҳҳо ва дигар инфрасохтор, содагардонии низоми раводид, иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва густариши фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ.

Бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва кашфи бозорҳои нав дар заминаи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии «ITB-Берлин», «World Travel Market London», «Arabian Travel Market-АМА», Дубай «МИТТ»–Москва, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (TITE), намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart», намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «BIT» дар шаҳри Милани Италия, «Интурмаркет»–Москва, Федератсияи Русия, «Tashkent International Tourism Fair», «IFTM Top Resa»– намоишгоҳи касбии сайёҳӣ ва саёҳат, «Tourism EXPO Japan», «Seoul International Travel Fair», намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair» ва дигар намоишгоҳҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва бо мақсади тарғиби васеи имконоти сайёҳии Тоҷикистон намояндагони якчанд шабакаи бонуфузи байналмилалии иттилоотӣ ба ҷумҳурӣ омаданд.

Бозтоби манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфтарини дунё, ба монанди «Синхуа», «ССТВ», «ИТАР ТАСС», «Ал-Ҷазира», «Евронюс», «БиБиСи», шабакаҳои телевизионии Русия, аз қабили «НТВ», «РТР», «Моя планета», шабакаи якуми Россия ва инчунин маҷаллаҳои «National Geographic Traveler», «Wanderlust», «AFAR», «Lonely Planet Magazine» ва садҳо расонаи дигар, бешубҳа, дар афкори умумии байналмилалӣ тасаввуроти ҷолиберо аз Тоҷикистон эҷод мекунад. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба мегардад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоии «Инстаграм»,  «Тик-ток», «Фейсбук» ва «Ютуб» саҳифаи алоҳида кушода шудаанд, ки дар онҳо маводи диққатҷалбкунанда аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар мунтазам нашр карда мешаванд.

Барои боз ҳам фарохтар муаррифӣ намудани анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳо ва ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик ба ҷаҳониён дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз якчанд кишварҳо – Ҷопон, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Русия блогерон даъват карда шуданд, ки дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва рафти баргузории ин ҷашнии миллии моро пахш намуданд. Дар маҷмуъ дар шабакаҳои интернетии TikTok ва Instagram наворҳои нашркардаи ин блогеронро беш 30 миллион маротиба тамошо намуданд.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоии интернетии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла «WeChat», «Redbook Xiaohongshu», «Douyin» саҳифаҳо кушода, маводи таблиғотӣ оид ба зарфияти сайёҳӣ мунтазам пахш гардида истодаанд.

Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, бо кӯҳҳои баланди Помир, табиати нодир, мероси таърихию фарҳангӣ ва имконоти саёҳати фаъол мешиносад. Ба ин далел, ворид шудани Тоҷикистон ба рӯйхати «Best in Travel 2026»-и Lonely Planet низ нишон медиҳад, ки талошҳои мо барои муаррифии мамлакат натиҷаҳои хуб медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи намоён — дуюм пас аз давлати Сингапур қарор гирифт. Ин маълумот дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» оварда шудааст. Соли 2023 Тоҷикистон дар ин ҷойи якумро ишғол намудааст.

Гузориши нави байналмилалии Travel Insights 2026: Focus on Europe, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи Amadeus дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид омода ва нашр шудааст, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши таваҷҷуҳи ҷустуҷӯии сайёҳон дар ҳама самтҳои мавриди омӯзиш пешсаф шудааст.

Тибқи маълумоти ин гузориш, шумораи ҷустуҷӯҳои марбут ба сафар ба кишвар нисбат ба давраи қаблӣ 64 дарсад зиёд гардидааст.Ин натиҷа бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон имрӯз тадриҷан мавқеи худро дар бозори байналмилалии сайёҳӣ мустаҳкам намуда, таваҷҷуҳи шумораи бештари сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад.

Дар моҳи июли соли 2026 Иттифоқи саноати сайёҳии Русия аз афзоиши назарраси талабот дар байни русҳо барои сафар ба Тоҷикистон хабар дод. Маъруфияти ин макон аз ҳисоби логистикаи муносиб (вуруди бе раводид, парвозҳои мустақим аз Маскав ба Душанбе давоми чор соат) арзёбӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки дастовардҳо дар арсаи байналмилалӣ ва эътироф гардидан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсули сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ташаббусҳо ва иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти давлат боис гардиданд, ки амният ва суботи саросарӣ дар мамлакат таъмин шуда, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад.

АМИТ «Ховар»: Амалӣ гардидани низоми содаи раводид ва дигар имтиёзҳо барои сайёҳон ба рушди соҳа чӣ таъсир расонид?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Содагардонии расмиёти воридшавӣ яке аз омилҳои муҳими афзоиши рақобатпазирии сайёҳии Тоҷикистон гардид. Аз 1 июни соли 2016 низоми «E-Visa» ба кор даромад. Ба воситаи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аризаи раводидро ба таври электронӣ пешниҳод намуда, бидуни ҳозир шудан ба муассисаҳои консулӣ раводиди электрониро дастрас намоянд. Тибқи низоми пешбинишуда, раводиди электронӣ 90 рӯз эътибор дошта, пас аз воридшавӣ имкони будубоши то 45 рӯзро фароҳам меорад.

Ин гуна содагардонӣ вақти омодагӣ ба сафарро кам намуда, монеаҳои маъмуриро коҳиш медиҳад ва Тоҷикистонро барои сайёҳони инфиродӣ, гурӯҳҳои сайёҳӣ ва бозорҳои нави байналмилалӣ дастрастар мегардонад.

Дар баробари раводид имрӯз ба масъалаи хизматрасонии пас аз воридшавӣ низ таваҷҷуҳ дода мешавад. Аз моҳи марти соли 2025 Кумита телефони фаврӣ барои кумак ба сайёҳони хориҷиро ба роҳ монда, дар давоми шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 400 ҳолат расонидани ёрии фаврӣ ва машваратӣ мусоидат кардааст.

АМИТ «Ховар»: Дар самти омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар ин муддат чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Ҷамшед Чумахонзода: Мо ба масъалаи кадрҳо ҳамчун омилҳои асосии рақобатпазирии соҳа муносибат менамоем. Зеро инфрасохтори хуб танҳо дар ҳолате метавонад ба маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ табдил ёбад, ки онро мутахассисони касбӣ идора кунанд.

Дар мамлакат муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ фаъолият доранд, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Дар минтақаҳо низ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои таълимӣ барои омода намудани роҳбаладон, мутахассисони меҳмондорӣ, идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар ихтисосҳо саҳм мегузоранд.

Дар баробари таҳсилоти академӣ баланд бардоштани малакаи амалии кормандони меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии тарабхонаҳо низ муҳим мебошад.

Имрӯз талаботи сайёҳи байналмилалӣ ба сатҳи хизматрасонӣ хеле баланд аст. Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, фарҳанги муошират, стандартҳои меҳмоннавозӣ, бехатарии сайёҳон ва идоракунии муосири сайёҳӣ аз самтҳои афзалиятноки омодасозии кадрҳо мебошанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкории байналмилалӣ барои кормандони бахши давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни соҳа имконияти таҳсил ва такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, мутахассисони болаёқат барои таҳсил аз рӯи барномаҳои мубодилавӣ ва бурсиявӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Самарқанд фиристода мешаванд, ки ин ба баланд гардидани сатҳи дониш ва таҷрибаи амалии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ташкилоти байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимии хориҷӣ даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, машғулият ва барномаҳои бозомӯзӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, намояндагони меҳмонхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ баргузор гардиданд.

Солҳои охир гурӯҳҳои бахшҳои сайёҳӣ барои иштирок дар даврҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Корея, Чин, Узбекистон ва дигар давлатҳо ҷалб гардида, таҷрибаи пешқадами байналмилалиро дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва идоракунии хизматрасониҳо азхуд намуданд.

Тадбирҳои амалигардида барои таҳкими иқтидори кадрии соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Бо назардошти «Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030» барои рушди минбаъдаи соҳа кадом вазифаҳо дар мадди аввал қарор доранд?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Ҳадафи асосии «Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030» таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ мебошад. Стратегия барои соли 2030 ҳадафи расонидани шумораи сайёҳони воридшавандаро то 2,5 миллион нафар, зиёд намудани саҳми сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 8 фоиз ва рушди хизматрасониҳои сайёҳиро пешбинӣ мекунад.

Дар ин замина вазифаҳои асосӣ чунинанд;

– дастгирии бахши хусусӣ, рушди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст;

– бунёди роҳҳои дастрасӣ ва иншооти хизматрасонии сарироҳӣ;

– рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, фарҳангӣ, деҳотӣ, табобатию солимгардонӣ ва дохилӣ;

– беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ;

– омода намудани кадрҳои рақобатпазир;

– ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;

– ташаккули бренд ва маҳсулоти миллии сайёҳӣ;

– рушди маркетинги рақамӣ ва таблиғ дар бозорҳои афзалиятнок;

– такмили омори сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири таҳлили бозор;

– рушди сайёҳии устувор бо ҳифзи муҳити зист ва мероси таърихию фарҳангӣ.

Солҳои охир кумита масъалаҳои бунёди инфрасохтор, омода намудани кадрҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди сайёҳии экологию табобатӣ ва кӯҳнавардӣ ва боло бурдани мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда муайян кардааст.

АМИТ «Ховар»: Барои рушди минбаъдаи соҳа чӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?

Ҷамшед Ҷумахонзода: Дар навбати аввал мо бояд кӯшиш намоем, ки барои рушди инфрасохтор ҷалби сармоя, бунёди меҳмонхонаҳо ва кемпингҳои муосир, беҳтар намудани хизматрасонии роҳҳои сайёҳӣ, рушди марказҳои иттилоотӣ, тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва таблиғи Тоҷикистон дар бозорҳои нави сайёҳӣ идома ёбад.

Ҳамзамон рушди сайёҳии дохилиро низ тақвият диҳем, зеро сайёҳии дохилӣ барои рушди иқтисоди минтақаҳо, таъсиси ҷойи нави кор, дастгирии соҳибкорӣ ва шинохти бештари мероси табиӣ ва фарҳангии мамлакат аҳамияти калон дорад.

Мақсади ниҳоии мо он аст, ки Тоҷикистон то соли 2030 ба кишвари рақобатпазир, бехатар, ҷолиб ва устувори сайёҳӣ дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад. Соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми бештар гузорад. Ин ҳадаф бо самтҳои муайяннамудаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030» пурра мутобиқат мекунад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»