Мазҳакаи нав дар саҳнаи нави театр
Душанбе, 07.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бинои нав бунёд гардида истодааст. Бинои нави театр ба талаботи театри замонавӣ ҳам аз ҷиҳати равшаниву садо ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, тибқи нақша бинои нав бояд то 9 сентябр ба истифода дода шавад. Аввалин намоише, ки дар саҳнаи нав пешкаши ҳаводорони театр мегардад, мазҳакаи «Қорӣ ишкамба» хоҳад буд. Аҳли эҷодии театр онро ба муносибати ҷашни Истиқлолият ва инчунин бинои нави театрӣ эҳдои тамошобинон хоҳанд кард.
Мазҳакаи «Қорӣ ишкамба» аз рӯи асари Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» таҳия гардида, коргардони он ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






