Мулоқоти Э. Раҳматуллозода бо Дабири кулли СААШ
Душанбе, 15.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг баргузор гардид.
Зимни мулоқот Э. Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ба Дабири кулли Созмон тақдим кард ва паёму дурудҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро расонид.
Пас аз маросими эътимодномасупорӣ мавзӯҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, тақвияти амнияти марзӣ, таҳкими ҳамоҳангӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳамкорӣ дар самти тоза намудани минаҳо аз қаламрави кишвар, банақшагирии вокуниш ба ҳаводиси фавқулода ва кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи илмии СААШ баррасӣ гардиданд.
Йенс Столтенберг дар навбати худ таъкид кард, ки Созмон дар чаҳорчӯбаи барномаи “Шарикӣ баҳри сулҳ”, ки Тоҷикистон узви он аст, омодаи расонидани кумакҳо дар бахшу соҳаҳои ҳамоҳангшуда аст.
Бо иртибот ба натиҷаҳои Саммити чанд рӯз қабл дар Варшава суратгирифтаи СААШ, ки дар он масъалаи тақвияти сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзуъҳои калидӣ буд, Дабири кулли СААШ ва Сафири Тоҷикистон бори дигар мавқеҳои ҷонибҳоро оид ба зарурати анҷом додани ҳамоҳангиҳои лозим дар ин мавзӯи барои кулли минтақа фавқулода муҳим таъкид намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






