Нома ба АМИТ «Ховар»: «Мо ифтихор мекунем, ки Ҳукуматамон нисбат ба шаҳрвандони худ ғамхор аст…»

Июль 19, 2016 11:49

Душанбе, 19.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ба суроғаи АМИТ «Ховар» аз Наима Норматова номае бо чунин мазмун расид: «Мехоҳам ба Ҳукумати ҶТ, бавижа ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва кормандони Консулгарии Тоҷикистон дар Туркия барои вокуниши фаврӣ ва дастгирии кӯдакони мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити баамаломада изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям.
Шаби ҷумъаи 16 июли соли 2016, кӯдакони мо дар ҳайати гурӯҳи туристӣ (16 нафар) ба фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул барои идомаи сафар то Кипр расиданд ва бо вазъияти мушкиле вобаста ба табадуллоти давлатӣ бархӯрданд. Вақте ки тамоми алоқа қатъ карда шуд ва иттилооти боэътимод вуҷуд надошт, мо бо ВКХ ҶТ тамос гирифтем ва навбатдор бо эҳтиром ба ҳарфҳои мо гӯш карда, моро бо иттилооти дастрас оид ба вазъият огоҳ намуда, хабар дод, ки ин масъала дар назорати махсуси вазири ВКХ мебошад.
Таи ин муддат кӯдакони мо дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул қарор доштанд ва намояндагони Консулгарии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳалли ин масъала ҳамаҷониба мусоидат намуда, имконияти фиристодани онҳо ба Кипр ё баръакс ба Ватанро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин алоқаи мунтазами кӯдакон бо волидайн ва ташкили хӯроки гармро таъмин намуданд. Дастгирии маънавии волидайн ва мувозибат нисбати фарзандони мо эҳсос мегардид.
Мо бори аввал бо чунин вазъият дучор омадем ва ифтихор менамоем, ки Ҳукумати мо нисбат ба сарнавишти шаҳрвандони худ, ки берун аз кишвар қарор доранд, ғамхорӣ менамояд».
Бо эҳтиром, Наима Норматова ва 15 имзои дигар

Июль 19, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид