Олимпиадаи сеюми ҷумҳуриявӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ дар Қаратоғ баргузор гардид

Июль 12, 2016 11:03

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 июли соли равон дар истироҳатгоҳи Қаратоғ даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибон ва ҷоизадорони даврҳои дуюм ва сеюм қувваозмоӣ карданд.
Дар даври ниҳоӣ дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва 3 дастаи ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии олимпиада ноиби президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ва бархе аз роҳбарони  раёсату шуъбаҳои  маорифи вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Барномаи олимпиада аз тестҳо (посух ба саволҳо) ва 3 навъи варзиш иборат буд. Ба 150 савол оид ба таърихи Ҳаракати олимпӣ ва варзиш 44% писарон ва 40% духтарон посухҳои дақиқ доданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон байни духтарон:

Ҷойи 1-ум  Саидаи Шералӣ аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 2-юм  Ситора Зарипова аз ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷойи 3-юм Идимоҳ Раҷабова аз минтақаи Кӯлоб

Байни писарон:

Ҷойи 1-ум  Диловари Ҳусайн аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 2-юм  Оятулло Юсупов аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 3-юм Ашраф Содиқов аз вилояти Суғд

Рӯзҳои дуюму сеюм мусобиқаҳои варзишии олимпиада оид ба 3 навъи варзиш: давидан ба масофаи 100 метр, танбардорӣ байни писарон ва афшурдан аз курсӣ байни духтарон, ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой баргузор гардид.
5 июл маросими пӯшидашавии олимпиада баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз ташкилкунандагони олимпида, инчунин котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев иштирок намуданд.
Дар маросими пӯшидашавӣ ғолибон ва ҷоизадорони олимпиада дар мусобиқоти мутлақ аз рӯи 4 намуд: тест, давидан ба масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ, афшурдан аз замин (барои духтарон) ва танбардорӣ (барои писарон) бо медалу мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар мусобиқот дастаҳои беҳтарин  муайян гардиданд:

Ҷойи 1-ум  вилояти Суғд  61 хол
Ҷойи 2-юм  минтақаи Кӯлоб  54 хол
Ҷойи 3юм  ноҳияи Рӯдакӣ  37 хол

Июль 12, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад