«Ҳосилот»-и Фархор ҳам сармураббиашро иваз кард

Июль 15, 2016 10:44

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳосилот»-и Фархор сеюмин дастаест, ки  ҳафтаи равон сармураббии худро иваз мекунад. Аз ин пештар дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» аз иваз кардани сармураббиёнашон хабар дода буданд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, яке аз мураббиёни маъруфи кишвар, ки соли гузашта «Ҳосилот»-и Фархорро ба гирифтани медалҳои тиллои Лигаи якум сазовор гардонида буд, аз нав ба мансаби сармураббигии ин даста баргашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Нурулло Маҳмудов, сардори дастаи «Ҳосилот» хабар дод.
Ба Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, Маъруф Рустамов ва Алиёр Ашӯрмаҳмадов, ки дар марҳалаи аввал ба «Ҳосилот» машқ додаанд, кумак мерасонанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар марҳалаи дуввум аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эраҷ Раҷабов аз дастаи «Хайр» ва Ойбек Абдуғаффоров аз «Барқчӣ» ба ҳайати дастаи «Ҳосилот» гузаштаанд ва то охири мавсим бозӣ хоҳанд кард.

Июль 15, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад