«Ҳосилот»-и Фархор ҳам сармураббиашро иваз кард
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳосилот»-и Фархор сеюмин дастаест, ки ҳафтаи равон сармураббии худро иваз мекунад. Аз ин пештар дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» аз иваз кардани сармураббиёнашон хабар дода буданд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, яке аз мураббиёни маъруфи кишвар, ки соли гузашта «Ҳосилот»-и Фархорро ба гирифтани медалҳои тиллои Лигаи якум сазовор гардонида буд, аз нав ба мансаби сармураббигии ин даста баргашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Нурулло Маҳмудов, сардори дастаи «Ҳосилот» хабар дод.
Ба Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, Маъруф Рустамов ва Алиёр Ашӯрмаҳмадов, ки дар марҳалаи аввал ба «Ҳосилот» машқ додаанд, кумак мерасонанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар марҳалаи дуввум аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эраҷ Раҷабов аз дастаи «Хайр» ва Ойбек Абдуғаффоров аз «Барқчӣ» ба ҳайати дастаи «Ҳосилот» гузаштаанд ва то охири мавсим бозӣ хоҳанд кард.








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






