Пайравони равияи салафия ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

Июль 21, 2016 10:39

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Хуҷаев Манучеҳр Ҷумақулович, Ёров Зоирҷон Абдуллоевич, Юнусов Азиз Воҳидович, Бозоров Хуршедҷон Юсуфович ва Бойматов Фирӯз Толибҷонович Раҷабалиев аз рӯи қисми 2, моддаи 307, эзоҳи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуда буд.
Моҳияти айбдорӣ аз он иборат аст, ки М. Хоҷаев тахминан моҳҳои октябр-ноябри соли 2006 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, дар он ҷо бо «Абдураҳмон» ном шахс шинос шуда, аз вай таълимоти равияи экстремистии динии «Салафия»-ро омӯхта, аз ҳамон замон то инҷониб   дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо мақсади паҳн намудани ин равия бо шаҳрвандони дар боло зикршуда,  дар давоми моҳи декабри соли 2013 якчанд маротиба дар қурутобхонаи «Ҳасан», ки дар маҳаллаи 101-и шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, ҷамъ омада,  барои ҷалб намудани  онҳо  ба ин равия ташвиқот бурдааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, номбурдагон тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 бо мақсади сайқал додани дониши худ бо телефонҳои мобилии худ ба сомонаи интернетии барномаи «Вотсап» даромада, ба гурӯҳи «Ҳикмат-14» аъзо шуда, дарсҳои равияи экстремистии «Салафия»-ро омӯхта, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти он машғул гардидаанд.
М. Хуҷаев дидаву дониста, ки равияи мазкур дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014  ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ манъ шудааст, ба он шомил гардида,  дар масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манзили истиқоматиаш намозҳояшро мувофиқи аҳкоми равияи «Салафия»  ба ҷо меовардааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз  5 июли 2016 шахсони мазкур гунаҳгор дониста шуда, ба ҳар кадом ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо нигоҳ доштан дар муассисаи  ислоҳии низоми  пурзӯр таъйин гардидааст.

Июль 21, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа