ПСС ҶТ соҳибкоронро дастгирӣ мекунад

Июль 14, 2016 08:39

Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкоронро дар гузаронидани экспертизаи маҳсулот, рақамгузории маҳсулот, машварати ҳуқуқӣ, иттилоот, пайдо намудани шарикони  сармоягузор ва гузаронидани тренингу семинарҳо дастгирӣ менамояд»,- иброз дошт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ва илова намуд, ки ҳоло шумораи соҳибкорон- аъзои Палатаи савдо ва саноат наздик ба 700 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла Манзура Рустамова зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории намоишгоҳ ва ярмарка майдони хубест, ки метавон беҳтарин маҳсулоти замона ва маҳсулоти истеҳсолкунандагони ҷаҳониро аз ин гуна ярмаркаҳо дастрас кард.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо намоишгоҳҳои  байналмиллалӣ гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ширкатҳои хориҷӣ аз тамоми олам иштирок менамоянд.

Июль 14, 2016 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар