Роҳу усулҳои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Хоруғ, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир-»и Тоҷикистон ва «Таълим форум»-и Қирғизистон бо баргузории давраи омӯзишии даҳрӯза бо ширкати омӯзгорону хонандагони макотиби миёна аз ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб роҳу усулҳои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодирро дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Семинар дар мавзеи зебоманзари шифохонаи «Гармчашма» доир гардид ва дар он сокинони куҳансол ва соҳибтаҷрибаи деҳоти наздик ба ин шифохона низ даъват шуданд. Раҳбари ташкилоти ҷамиятии «Таълим форум»-и Қирғизистон Алмагул Усмонова иброз намуд: «Мо ба ин семинар онҳоеро даъват намудем, ки дар деҳоти дурдаст иқомат мекунанд ва ба табиати ваҳшӣ аз наздик шинос мебошанд. Ҳифзу муроқибати неъматҳои табиат ва бидуни осеб ба дасти насли оянда расондани онон аз ҳар ҷиҳат ба кӯдакону наврасон бастагии зич дорад. Аз ин рӯ нисфи зиёди иштирокдорони ин семинарро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Рамзи семинарро озодапаланг-яке аз ҳайвоноти нодир, ки шомили китоби сурхи ҷаҳонӣ мебошад, интихоб намудем. Азбаски макони иқомати паланги барфӣ кӯҳсорони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор меравад, мо қарор додем, ки бо роҳандозии ин давраи омӯзиш ба омӯзгорону толибилмон маълумоти бештар ироа намуда, тавассути онҳо маърифати экологии дигар бошандагони минтақаро низ ба сатҳи баландтар бардорем».








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






