Роҳу усулҳои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Июль 28, 2016 10:02

Хоруғ, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир-»и Тоҷикистон ва «Таълим форум»-и Қирғизистон  бо баргузории давраи омӯзишии даҳрӯза  бо ширкати  омӯзгорону хонандагони макотиби миёна аз ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон,  Ишкошим ва Мурғоб   роҳу усулҳои  ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодирро дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Семинар дар мавзеи зебоманзари шифохонаи «Гармчашма» доир гардид ва дар он сокинони куҳансол ва соҳибтаҷрибаи деҳоти наздик ба ин шифохона низ даъват  шуданд. Раҳбари ташкилоти ҷамиятии «Таълим форум»-и Қирғизистон Алмагул  Усмонова иброз намуд: «Мо ба ин семинар онҳоеро даъват намудем, ки дар деҳоти дурдаст иқомат мекунанд ва ба табиати ваҳшӣ аз наздик шинос мебошанд. Ҳифзу муроқибати неъматҳои табиат ва бидуни осеб ба дасти насли оянда расондани онон аз ҳар ҷиҳат ба кӯдакону наврасон бастагии зич дорад. Аз ин рӯ нисфи зиёди иштирокдорони ин семинарро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Рамзи семинарро озодапаланг-яке аз ҳайвоноти нодир, ки шомили китоби сурхи ҷаҳонӣ мебошад, интихоб намудем. Азбаски макони иқомати паланги барфӣ кӯҳсорони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор меравад, мо қарор додем, ки бо роҳандозии ин давраи омӯзиш ба омӯзгорону толибилмон маълумоти бештар ироа намуда, тавассути онҳо маърифати экологии дигар бошандагони минтақаро низ ба сатҳи баландтар бардорем».

Июль 28, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад