Рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият

Июль 21, 2016 11:06

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки охири моҳи июл дар Душанбе дар мавзӯи «Нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар инкишофи қонунгузории миллӣ» мизи мудаввар баргузор намояд.
Фарҳод Маҳмадшоев, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки ҳадафи баргузории ин чорабинӣ бардошт аз пешравиҳои муносибатҳои  ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Интизор меравад,  ки дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба  танзимдарории ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати иҷборӣ,    таъсири санадҳои байналмилалӣ дар пешрафти робитаҳои  хориҷӣ,        нақши санадҳои байналмилалӣ оид ба моликияти зеҳнӣ дар қонунгузории миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои моделӣ (намунавӣ) ва нақши онҳо дар ташаккули қонунгузории миллии даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар рушди қонунгузории  соҳавии об ва  ҷои санадҳои байналмилалӣ дар низоми  конунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар мизи мудававар иштироки намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои  байналмилалӣ  ва кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ  дар назар аст.

Июль 21, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа