С. Аслов нусхаи Эътимодномаи нахустин Сафири Японияро қабул кард
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 15 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаокаро ба муносибати супоридани нусхаи Эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Пас аз анҷоми маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид. Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сироҷидин Аслов бо изҳори қаноатмандӣ иброз намуд, ки таъйини Ҳаҷиме Китаока ба ҳайси нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои таърихан муҳими муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ Сафири Японияро ба муносибати таъйин шудан ба мақоми пурмасъул табрик намуда, ба ӯ дар адои фаъолияташ муваффақиятҳо таманно кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






