Сафари расмии Вазири корҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Арманистон
Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон 12 октябри соли 1992 барқарор шудаанд.
Барои муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон эътимоди мутақобила, мувофиқат ва ё наздикии мавқеъ оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ хос мебошанд.
Мулоқотҳои кории роҳбарони ду давлат ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидати назаррас мерасонанд.
2 — 3 апрели соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
25 — 26 ноябри соли 2003 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.
Инчунин, соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон ташрифи кӯтоҳмуддат анҷом дод.
Дар рафти сафарҳои зикргардида як қатор санадҳо, ки муҳимтарини онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба ҳисоб меравад, инчунин, ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои ҳимояи сармоягузорӣ, илм, техника, иттилоот, сохтмон ва ҳифзи табиат ба имзо расиданд.
Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 20 ҳуҷҷат ташкил медиҳад, ки онҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирад.
Тайи солҳои охир, ҷиҳати барқарорсозӣ ва тавсеаи алоқаҳои мустақими субъектҳои хоҷагидорӣ байни корхонаҳои ҳарду ҷониб иқдомҳои мушаххас ва табодули маҳсулоти таъйиноти истеҳсолӣ-техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва ашёи хом сурат мегирад.
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣҳамоҳангсози муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон буда, дар рафти ҷаласаҳои он ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.
Муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар маҷмӯъ дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаро доро мебошанд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






