Сафири Тоҷикистон дар Туркия ба сардори раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нусхаи Эътимоднома супорид

Июль 21, 2016 10:28

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли равон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ба сардори раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Шевки Мутевеллиоғлу нусхаи Эътимодномаи худро супорид.
Бино ба иттилом ВКХ-и кишвар, ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкории ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ омодагӣ изҳор намуданд.
Шевки Мутевеллиоғлу ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш сафирро табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани маъмурияти дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Июль 21, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа