Се бозии дӯстонаи тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар моҳи июл

Июль 5, 2016 09:13

Душанбе, 5.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани се бозии дӯстона бо мунтахаби футзали Ӯзбекистон марҳалаи омодагиро дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Сармураббии даста Ҳусейн Шодиев 14 нафар бозингаронро барои ин вохӯриҳо даъват кардааст, ки 7 нафарашонро аъзоёни клуби  «ДИСИ Инвест»  ташкил мекунанд.
Дар қиёс бо ҳайати дастае, ки моҳи феврал  дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок карда буд, ҳайати мунтахаби мамлакат тағйир ёфтааст. Футболбозони нав  Умед Қӯзиев аз «ДИСИ Инвест», Умед Мирзораҳимов аз «Сипар» ва Фирӯз Сангов аз «Соро Компания» ҳайати дастаро комил кардаанд.
Ба ҳамин тариқ ҳайати дастаи мунтахаби футзали кишвар дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Ӯзбекистон, ки 12, 13 ва 14 июл дар шаҳри Тошканд мегузаранд, чунин аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»);
Бозинагрони майдон: Муҳаммад Раҳмонов, Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Умед Қӯзиев (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Мансур Мамедбобоев («Бонки миллӣ»), Меҳрубони Тиллозода («Газпром»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарду аз «Карон»), Умед Мирзораҳимов («Сипар»), Фирӯз Сангов («Соро компания»).

Июль 5, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд