Семинари омӯзишӣ барои ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия
Душанбе, 05.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон барои ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Мақсади баргузории семинари мазкур, ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ба ин васила пурзӯр намудани муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён тартиби банақшагирии фаъолият, вазифаҳои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамкории институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муқовимат бо коррупсия баён карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






