Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Комёбиҳо дар соҳаи фарҳанг назаррасанд»
Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти ин мақомотро дар нимсолаи аввали соли равон шарҳ дода, гуфт ки бо вуҷуди камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар ин давра, соҳаи фарҳанги кишвар ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Мавсуф, аз ҷумла, таъкид кард, ки сохтмони қасрҳои фарҳанги замонавӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истифода дода шудани бинои нави Кохи фарҳанг ва таъсиси Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт, ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри эҷоди низоми арзишҳои устувори маънавӣ дар ҷомеа мебошанд.
«Қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016-2020», таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди дурнамои санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва лоиҳаи «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2030» низ аз дастовардҳои вазорат дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб мешаванд, ки ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкур ва рушду такомули фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад намуд», -илова кард Ш. Орумбекзода.








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






