Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Комёбиҳо дар соҳаи фарҳанг назаррасанд»

Июль 22, 2016 15:21

Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  натиҷаҳои фаъолияти ин мақомотро дар нимсолаи аввали соли равон  шарҳ дода, гуфт ки бо вуҷуди камбудиву норасоиҳои мавҷуда  дар ин давра,  соҳаи фарҳанги кишвар  ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Мавсуф, аз ҷумла, таъкид кард, ки  сохтмони қасрҳои фарҳанги замонавӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба  истифода дода шудани бинои нави  Кохи фарҳанг ва таъсиси Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт, ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баёнгари тадбирҳои  пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри эҷоди низоми арзишҳои устувори маънавӣ дар ҷомеа мебошанд.
«Қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016-2020», таҳияи  лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди дурнамои санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва лоиҳаи «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2030» низ  аз дастовардҳои вазорат дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб мешаванд, ки ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкур ва  рушду такомули фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад намуд», -илова  кард Ш. Орумбекзода.

Июль 22, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид