Шумораи муҳоҷирон дар Суғд коҳиш ёфтааст
Хуҷанд, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишасти хабарӣ вобаста ба таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва ташкили ҷойҳои нави корӣ зикр намуд, ки маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт, тибқи омори расмӣ давоми се соли охир теъдоди умумии муҳоҷирони вилоят нисбат ба соли 2013 ба 50 ҳазор нафар коҳиш ёфта, аксари онњо айни замон ба корҳои кишоварзӣ, сохтмони шаҳракҳои навбунёд ва омӯзиши касбҳои аљдодӣ ба марказҳои касбомузӣ ҷалб гардидаанд.
Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ, дар вилоят давоми дуюним соли охир гузаронидани ислоҳоти кишоварзӣ нақши муассир гузошт. Дар заминаи гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тӯли солҳои 2014-2015 дар миқёси вилоят зиёда аз 3700 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ва 52 кооперативи кишоварзӣ таҷдид карда шудаанд. Ба ҳолати 20 июни соли равон, тибқи маълумоти фаврӣ, дар ҳудуди вилоят 63 ҳазору 157 хоҷагии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ин васила деҳќонон соҳиби қитъаи замин гардида, бо фароҳам гардидани имконият доир ба парвариш намудани зироати дилхоњ ва истеҳсоли меваю сабзавот ҳазорҳо нафар сокинон бо ҷои корї таъмин гардиданд, ки он ба коҳиши теъдоди муҳоҷирон, хусусан муҳоҷирзанон, то андозае нақш гузошт.
Далели ин гуфтаҳо, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 209 млн. сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар умум ба 1 миллиарду 256 млн. сомонӣ баробар шудани он ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






