Табодули таҷриба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия
Душанбе, 08.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти табодули таҷриба тақвият медиҳанд.
Дар ин росто дар Душанбе вохӯрии мутахассисони бахши техникии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии гумруки Русия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои такмили механизми мубодилаи маълумоти омори гумрукӣ оид ба гардиши мол байни ду кишвар, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили таҷҳизонидани техникӣ ва омодагии Хадамоти гумрук ба амалӣ гардидани мубодилаи иттилоот тавассути шабакаҳои техникии алоқа баррасӣ гардида, пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд. Зикр шуд ки баргузории чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва рушду пешбурди соҳа нақши муассир хоҳад гузошт.








DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






