Темурмалик: Хонандагони аълохон ва бачагони болаёқат ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Темурмалик, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади хушу гуворо гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик нақша-чорабинӣ ташкил намуда, дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия лагерҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва меҳнатиро ташкил намуд, ки беш аз 5 ҳазор нафар муҳассилин дар онҳо ҷалб карда мешаванд.
Ба қавли Тагай Нозимов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф, дар ин лагерҳо барои истироҳату фароғати мактаббачагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мураббиёни пуртаҷриба ҳамарӯза бо кӯдакону наврасон машғулият ва бозиҳои гуногун мегузаронанд. Мувофиқ ба завқи хонандагон дар ҳар як лагер маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил карда шудаанд.
Дар лагери «Зафар»-и назди Хонаи бачагони Танобчӣ имсол шумораи истироҳаткунандагон нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардидааст. Бо хоҳиши ассотсиатсияи волидайн дар назди кӯдакистони рақами 3-и ноҳия низ лагери истироҳатї ташкил гардидааст, ки дар он кӯдакони синни томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ ҷалб гардидаанд.
Шуъбаи маориф бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мақсад дорад, ки як басти дигари лагерро ташкил намуда, дар он хонандагони аълохон ва бачагони болаёқатро ба истироҳат фаро гиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






