Тими мунтахаби миллии футболи мамлакат дар радабандии нави ҷаҳонӣ 19 зина боло рафт
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA аз зинаи 164 ба 145 баромад. Ин болоравӣ аз натиҷаи бозиҳои расмие, ки дастпарварони сармураббии тозаинтихоби тими миллии кишварамон Ҳаким Фузайлов дар баробари тими мунтахаби Бангладеш 2 июн (5:0) дар шаҳри Душанбе ва 7 июн (1:0) дар Дакка дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба даст оварданд, натиҷагирӣ мешавад. Баъди пирӯзиҳо 70 имтиёз ба тими миллиии Тоҷикистон ихтисос дода шуд ва он ҳоло бо 220 хол дар зинаи 145 қарор дорад.
Дар миёни дастаҳои Осиё Тоҷикистон дар мақоми 23 ҷойгир шудааст. Пешсафон Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон мебошанд, ки дар се зинаи аввал мавқеъ доранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаи худро бо тими мунтахаби Фаластин 6 сентябр дар Хиврон баргузор мекунад. Фаластиниҳо дар феҳристи нав дар мақоми 114 қарор доранд.
Тартиби ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳон дар садри радабандии нави ҷаҳон чунин аст:
1. Аргентина — 1585 0
2. Белгия — 1401 0
3. Колумбия — 1331 0
4. Олмон — 1319 0
5. Чилӣ — 1316 0
6. Португалия — 1266 2








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






