То ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ховалинг биноҳои баландошёна қомат меафрозанд
Ховалинг, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг сохтмони як қатор иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ босуръат идома дорад.
Дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ айни замон аз ҷониби соҳибкорон сохтмони беш аз 40 иншооти хурду бузург ба роҳ монда шудааст, ки аксари онҳо дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои Ибодулло Хоҷиев, сармеъмори ноҳияи Ховалинг бори аввал дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон сохтмони биноҳои баландошёна ба роҳ монда шудааст. Аксари сохтмончиён мутахассисони маҳаллӣ буда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Ҳоло дар корҳои сохтмонии ду иншоот беш аз 80 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ баъди ба истифода додани биноҳои панҷошёна дар онҳо 120 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар маркази ноҳия инчунин сохтмони бинои дуошёнаи Беморхонаи марказӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон идома дошта, 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд ва бо ҷудо гардидани маблағи боқимонда ин иншоот низ то моҳи сентябри соли равон ба истифода супорида мешавад.
Сохтмони якчанд марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо, иншооти фарҳангӣ ва таърихӣ, таъмири ҷории роҳҳо бо дастгирии Вазорати нақлиёти кишвар, мақомоти иҷроияи ноҳия ва таъмири асосии 700 метр роҳҳои худуди ноҳия бо маблағгузории Саридораи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






