«Улисс» — китоби нави Ҳошим Гадо
Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Бухоро»-и Душанбе китоби нави Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадоро таҳти унвони «Улисс» аз чоп баровард. Китоб бо забони русӣ ва бо теъдоди 250 адад мунташир гардида, аз ҳаёти шахсиятҳои бузургу таърихии санъати театр ва кино нақл мекунад.
Бояд зикр кард, ки ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳошим Гадо муаллифи чандин китоб ва эссеҳои фалсафӣ мебошад. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Кунҷ», «Сӯҳроби ман» аз ҳамин қабиланд. Дар зарфи беш аз даҳ сол ривояту андарзҳои ҳунарманди шинохта дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» чоп гардидаанд.
Ҳошим Гадо ҳунарманди асили кино ва театр мебошад. Вай дар саҳнаи театр нақши шоҳ Эдипро дар фоҷиаи Софокл «Эдип», нақши Ҳамлетро дар песаи В. Шекспир «Ҳамлет», инунин дар кино нақши Сӯҳробро дар филми «Рустам ва Сӯҳроб», нақши Қурбонбоширо дар силсилафилми «Чортан аз Чорсанг», нақши шикорчиро дар филми «Шикори охирин», нақши Абулатиф писари Улуғбекро дар филми «Ситораи Улуғбек» бо маҳорати баланд бозидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






