Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ: «Неругоҳҳои барқи обии «Қайроқум» ва «Сарбанд» таҷдид мешаванд»
Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии «Қайроқум», ки яке аз неругоҳҳои куҳансолтарини Тоҷикистон ба шумор меравад, таҷдид мешавад. Барои ин неругоҳ аз ҳисоби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо 70 млн. доллар маблағ ҷудо шудааст ва баъд аз таъмиру барқарорсозии 2 агрегат ва трансформаторҳо тавоногии неругоҳ аз 126 ба 148 мегаватт расонида мешавад.
Дар ин бора Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин илова намуд, ки барои бозсозии неругоҳи «Сарбанд» аз ҷониби Бонки рушди Осиё 136 млн. доллар грант ҷудо карда шудааст ва баъд аз интихоби пудратчӣ ва имзои шартнома то охири сол корҳои барқарорсозии он оғоз мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






