Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: дар шаҳри Ваҳдат оилаи Таваккал Зарипов сазовори ҷойи аввал гардид
Ваҳдат, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа оилаи Таваккал Зарипов сокини маҳаллаи Шодмони ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ беҳтарин дониста шуд.
Таваккал Зарипов оиладор соҳиби панҷ фарзанди оиладор ва 17 набера мебошад. Фарзандонаш маълумоти олӣ дошта, дар касбу корҳои гуногун фаъолият доранд. Таваккал Зарипов муддати 30 сол дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, айни замон нафақахӯр буда, ба соҳибкорӣ машғул аст. Инчунин писаронаш Анварҷон ва Акбарҷон Зариповҳо касби падарро интихоб намуда, айни замон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолият доранд. Савлакат Қурбонова завҷаи Таваккал Зарипов иброз медорад, ки муддати 39 сол аст, зиндагии хушбахтонаи якҷоя доранд ва хушбахтии зиндагиро дар меҳру садоқат, якдигарфаҳмии байни зану шавҳар, тавлиди фарзандони солим ва ҳурмату иззати байни аъзои хонавода медонад. Бо кӯшишу заҳмати Савлакат Қурбонова духтарон ва келинҳояш тибқи анъанаи тоҷикон ҳунарҳои дӯзандагӣ ва пазандагиро аз худ намудаанд. Писари калонии ин оила Анварҷон Зарипов изҳор дошт, ки муваффақияти ҳар як оила дар тарбияи дурусти фарзандон, маълумотнокии онҳо, иҷрои корҳои хайру савоб, худшиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ободонию тозакорӣ таҷассум мегардад, ки падари бузургворамон моро дар ин рӯҳия тарбия намуда, бо шукргузорӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии хушбахтона дорем.
Орзугул Ҳомидова, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат иброз медорад, ки ҷамоати мазкур дорои 16 маҳалла ва 11 ҳазор аҳолӣ мебошад, ки дар давраи аввали «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» оилаҳои ҳудуди ҷамоат пурра иштирок намуданд. Мутобиқи шартҳои ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оилаи Таваккал Зарипов сазовори ҷойи аввал дониста шуд ва ба даври шаҳрӣ пешниҳод гардид. Хушбахтона, дар даври шаҳрӣ ғолиби ҷойи аввал гардид ва дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи раиси шаҳр қадрдонӣ шуд.
Дар «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» ғолиб омадани оилаи Таваккал Зарипов дар маърифатнокӣ, маданияти баланди оиладорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






