Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: дар шаҳри Ваҳдат оилаи Таваккал Зарипов сазовори ҷойи аввал гардид

Июль 21, 2016 13:58

Ваҳдат, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа оилаи Таваккал Зарипов сокини маҳаллаи Шодмони ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ беҳтарин дониста шуд.
Таваккал Зарипов оиладор соҳиби панҷ фарзанди оиладор ва 17 набера мебошад. Фарзандонаш маълумоти олӣ дошта, дар касбу корҳои гуногун фаъолият доранд. Таваккал Зарипов муддати 30 сол дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, айни замон нафақахӯр буда, ба соҳибкорӣ машғул аст. Инчунин писаронаш Анварҷон ва Акбарҷон Зариповҳо касби падарро интихоб намуда, айни замон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолият доранд. Савлакат Қурбонова завҷаи Таваккал Зарипов иброз медорад, ки муддати 39 сол аст, зиндагии хушбахтонаи якҷоя доранд ва хушбахтии зиндагиро дар меҳру садоқат, якдигарфаҳмии байни зану шавҳар, тавлиди фарзандони солим ва ҳурмату иззати байни аъзои хонавода медонад. Бо кӯшишу заҳмати Савлакат Қурбонова духтарон ва келинҳояш тибқи анъанаи тоҷикон ҳунарҳои дӯзандагӣ ва пазандагиро аз худ намудаанд.  Писари калонии ин оила Анварҷон Зарипов изҳор дошт, ки муваффақияти ҳар як оила дар тарбияи дурусти фарзандон, маълумотнокии онҳо, иҷрои корҳои хайру савоб, худшиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ободонию тозакорӣ таҷассум мегардад, ки падари бузургворамон моро дар ин рӯҳия тарбия намуда, бо шукргузорӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии хушбахтона дорем.
Орзугул Ҳомидова, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат иброз медорад, ки ҷамоати мазкур дорои 16 маҳалла ва 11 ҳазор аҳолӣ мебошад, ки дар давраи аввали «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» оилаҳои ҳудуди ҷамоат пурра иштирок намуданд. Мутобиқи шартҳои ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оилаи Таваккал Зарипов сазовори ҷойи аввал дониста шуд ва ба даври шаҳрӣ пешниҳод гардид. Хушбахтона, дар даври шаҳрӣ ғолиби ҷойи аввал гардид ва дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи раиси шаҳр қадрдонӣ шуд.
Дар «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» ғолиб омадани оилаи Таваккал Зарипов дар маърифатнокӣ, маданияти баланди оиладорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.

Июль 21, 2016 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия