Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд
Душанбе, 01.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон шуруъ аз имруз -1 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.
Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори „Ховар гуфт, ки рухсатии меҳнатии вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат то 15 август, яъне муддати якуним моҳ идома меёбад. Вакилони Маҷлиси намояндагон 16 август ба фаъолият шурӯъ намуда, корро дар Кумитаҳо ва Комиссияҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат идома медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






