Боздиди Президенти кишвар аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

Август 5, 2016 11:38

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то ба 30 ҳазор метри кубӣ маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад. То имрӯз зиёда аз 42 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ барои бастани маҷрои об захира гардидааст ва корҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҷамъоварӣ ва ҷобоҷогузории сангу шағал ба воситаи техникаву технологияи муосиртарин аз ҷониби 10 ширкати хурду бузург анҷом дода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони масъули ин қитъа ҷиҳати назорати ҳамаҷонибаи сифати маҳсулот ва захираи кофии мавод дастуру супоришҳо дод.

Имрӯз ҳамчунин         Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи зериобшаванда ва конҳои шағалзаминии рақами 15 ва 15В боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол маҳз аз ҳамин мавзеъ маводи шағалзаминӣ дастрас ва дар анбор захира карда мешавад. Мувофиқи тадқиқоти коршиносони соҳаи геология дар ин мавзеъ дар кони 15, 48 миллион ва дар кони 15В зиёда аз 20 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ мавҷуд аст. Аз оғози кор то ба имрӯз аз конҳои мазкур зиёда аз 60 фоизи мавод ба анбор интиқол дода шудааст. Ҳар як навъи маводи сохтмонӣ, аз ҷониби коршиносони соҳа омӯхта шуда, сипас мувофиқи сифат, навъ ва таъинот дар ҷойҳои муайяни анбор ҷобаҷо мегардад.

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз анбори кони Лаби дара то даромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ1 ва СТ2, инчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар нақби якум ва дуюми соҳили чап ва рости Неругоҳи барқи обии Роғунро мушоҳида намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷарёни корҳо ва суҳбати самимӣ бо коргарон аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифат анҷом додани корҳои таъмириву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Август 5, 2016 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд