Боздиди Президенти кишвар аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон»
Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» дидан намуд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Тавре ба Президенти мамлкат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон 64 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар соли 2016 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 412 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.
Ба таъкиди кишоварзон соли ҷорӣ дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфт.
Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас пеш аз ҳама истифодаи самараноки замин ва азхуд кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок барои гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеиро ба вуҷуд овард.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст ва дар ин самт ҳиссаи заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун назаррас арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо натиҷабахашанд. Танҳо дар соли равон 1390 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми содиротӣ нақши асосӣ хоҳад дошт.
Имрӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали «Оши палави Хатлон» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 100 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро омода карданд.
Гуфта шуд, ки барои ошпази беҳтарин «Кафгири заррин» ва ба дигар ғолибони фестивали «Оши палави Хатлон» тӯҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда мешавад.

















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






