Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Созмони кумакҳои башарии Корея «Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ» дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он, ки зимни ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ бо он бояд чӣ гуна бархӯрд кунанд, ҳамчунин омодасозии китобчаҳои иттилоърасонӣ ва тақвимҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот бо Сафири тозатаъйини Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳадҷимэ Китаока ҷонибҳо масъалаҳои имзои Лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки бояд 7 сентябри соли равон сурат гирад, муҳокима намуданд.
Мулоқоти дигари Р. Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош 17 август сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси осиёгии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳоро, ки қарор аст тирамоҳи соли равон дар Ҳиндустон баргузор шавад, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин масъалаи имзои ҳуҷҷати дигари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






