Дар Норак Форуми занони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини об «Зан ва об» баргузор гардид

Август 8, 2016 12:14

Норак, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ҷиҳати иштироки фаъоли занон дар масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ таҳти унвони «Зан ва об» Форуми занони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини об  баргузор гардид.
Дар форум раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, директори Лоиҳаи идоракунии маҳаллӣ, фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар кори Форум иқдомҳои ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини оби нӯшокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани об, дастрасии ҳамагон ба об, идоракунии обтаъминкунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди таҳлил қарор доданд.

Август 8, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа