Дастовардҳои соҳаи моликияти саноатӣ дар даврони истиқлолият

Август 20, 2016 10:00

Душанбе, 20.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Дастовардҳои соҳаи моликияти саноатӣ дар даврони истиқлолият, мушкилиҳо ва рушди минбаъдаи он» ва «Истифодабарӣ ва оқибати истифода набурдани  тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, муносибати тамғаҳои молӣ бо дигар воситаҳои фардикунонӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ишораҳои ҷуғрофӣ»  машварат баргузор гардид.
Дар он намояндагони вазорату идораҳо, намояндагон-аъзои Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои хусусӣ, олимон, ихтироъкорон, марказҳои инноватсионӣ, соҳибкорони хурду миёна ширкат намуданд.
Ҳадафи машварат муаррифии дастовардҳои ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони истиқлолият мебошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ соҳаҳои мухталифи иқтисодиётро ба равандҳои иқтисоди ҷаҳон мутобиқ сохт ва ин имкон дод, ки онҳо дар баробари давлатҳои пешрафта самтҳои гуногуни фаъолияти худро равнақ диҳанд.
Соҳаи моликияти зеҳнӣ аз соҳаҳое мебошад, ки ба рушди  иқтисоди кишварҳои ҷаҳон  даромади калон  меорад.
Моликияти зеҳнӣ — ин ганҷест пурарзиш ва гаронбаҳо. Тавре ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ зикр намудаанд: «…Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештар меорад…».
Дар шароити имрӯза иқтидор ва қувваи бузурги дилхоҳ давлатро на танҳо аз рӯи боигариҳои табиию канданиҳои фоиданоки он баҳогузорӣ менамоянд, балки аз рӯи истифодаи моликияти зеҳнӣ, аз  ҷумла, моликияти саноатӣ ва технологияҳои иттилоотии нави он муайян менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон, соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.  Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра шартномаҳо, созишномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонидааст.
Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш  қонуни соҳавӣ пурра гардонида шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи топологияи микросхемаҳои интегралӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ва «Дар бораи ихтирооти махфӣ».
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар давраи фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 22 қарори дахлдор қабул карда шуд, ки ба рушду нумӯи  соҳа мусоидат менамоянд.
«Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» барои таъмини татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, барои рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷониби дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот дар доираи як қатор озмунҳо ва чорабиниҳо ҳамасола онҳоеро қадрдонӣ менамоянд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза, баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона менамоянд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби Муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад, ки то ба имрӯз 20 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 10 нафар соҳиби Медали тиллоии ба номи В.И. Блинникови Идораи патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 15 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Дар давраи фаъолият Муассиса дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, 20 адад ихтирои 8 нафар бонувони ихтироъкори кишварро пешниҳод намудааст, ки онҳо сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.
Дар машварат иштирокчиён ва мутахассисони соҳа доир ба рушди соҳаи ихтироъкорӣ ва ҳалли мушкилиҳо дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ибрози назар намуданд.

Боймурод Боев,
муовини директори Муассисаи давлатии
«Маркази миллии патенту иттилоот»-и
Вазорати рушди иқтисод ва савдои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор ба ифтихори 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд