Директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода дар бораи садақа ва таъйиноти иҷтимоии он

Август 17, 2016 09:46

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳоло дар остонаи истиқболи 25-умин солгарди пурифтихори он қарор дорем, барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвари азизи мо тағйироти ҷолибу масарратбахш ворид намудааст. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давла­тӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро тақо­зо менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳр­ван­дони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кӯр-кӯрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгон ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад, зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисоди Ватан, ҳифзи фазои ором ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмӯи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои истиқло­ли­яти давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҳамзамон осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фар­ди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзан­дию шаҳр­ван­диро дар ҳамаи корҳо масъалат менамояд.

Хусусиятҳои фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки ниёгони олиму фақеҳи гузаштаи мо, бахусус дар ҳавзаҳои илмии қаламрави давлати Сомониён тамоми урфу анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқар­ра­роти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти моваро­ун­наҳрии мазҳаби ханафӣ мӯшикофона созгор намуданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ ва ҳикмати қурбонӣ кардан бо баргузории маросимҳои марбут ба ин ду иди асосии мусулмонон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои  умумимил­лии  тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Аслан фазилатҳои наҷиби ин идҳои дорои пойдевори имонӣ ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикаста­нафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст. Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, боти­ну зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмар­донаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки дар тӯли моҳҳои идайн ва арафа болидарӯҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раияту сарварон ва аҷру подоши он дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва инсондӯстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз    мав­қеи баланди башардӯстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити қурунивустоӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва тараҳҳуми байни ҳамдигариро тақвият бахшид.

Идҳои Фитр ва Азҳо дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо гузоридани намози ид, оростани дастар­хонҳои идона, зиёрати қабрис­тон ва тиловати Қуръон дар ҳаққи гузаштагон, аёдату дастгирии беморону ниёзмандон, шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ дар урфу одати мардумӣ бозтоби тоза пайдо карданд. Ба хотири гиромидошти  боварҳо ва дарёфти ризомандии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, бахусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсон­дӯс­тона ва худоҷӯё­на анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷо­нанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васи­ла пирону барҷо­мон­да­гон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақ­ви­яти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигар­фаҳмӣ, одамият ва раҳму шаф­қат дар байни шаҳр­ван­дон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.

Ҷанбаи дигари эътиқодии ин идҳо дар он аст, ки он ба ду рукни муҳими дини мубини ислом – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва ҳаҷҷи Байту-л-Ҳаром пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, тоату  ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳҳо ҳамчун рукнҳои панҷго­наи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро афзун месозад. Додани садақаи фитр, баровардани нисоби закот ва умуман ҳама гуна садақот дар мавсими идайн, бешубҳа, яке аз васи­лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон мебошад. Алалхусус, садақаи фитрро дар моҳи Рамазон аз ҳама беҳтар дониста­анд. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худ­ро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз оғози густариши ислом ва баъди таъсиси давлати Сомониён дар масъалаи ҳамаи намудҳои садақа ва таъйиноти иҷтимоии он ба ҳам мувофиқ наомадани қавлу амал ҷой доштааст. Дар таърихи чандинасраи ҷомеаҳои мусулмонӣ дар иқлимҳои гуногун гоҳо ҳолатҳои суиистифодаи маблағҳои садақа аз ҷониби омилону масъулон ва рӯҳониён иттифоқ афтодааст. Ҳоло дар шароити табодули комили маълумот барои мо танҳо донистани ҳамин андеша за­рур аст, ки бояд ҳикмати додани садақа ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расо­ни­дани он риоя гардад. Табақаҳои иҷтимоие, ки тибқи муқаррароти шариати дунявию ухравӣ ҳаққу ҳуқуқи гирифтани амволи садақаро доранд, моҳиятан муайян шудаанд. Ҳамчунин шахсон ва гурӯҳҳое, ки барояшон ҳатто дастдарозӣ кардан ба амволи садақа ва ботил кардани таъйиноти иҷтимоии он ҳаром ва гуноҳи бузург дониста мешавад, маълум аст. Вале бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва азхудкуниҳои нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шаванд.

Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, ки ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ояти карима баён шудаанд:«Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии барда­ҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худованд барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст ва дигар сарчашмаҳои муҳими исломӣ, ки ба шарҳи аҳкоми Қуръон бахшида шудаанд, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, вале ин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин– каси бисёр эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа– афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ӯ маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағба­таш сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқи­ло­би болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андоз­ро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) – шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб–бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; 6.Ғорим- шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороия­шон­ро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо (фӣ-сабили-Л-лоҳ) садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб бояд барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ фаъолият мекунанд; инчунин тамоми корҳои неку писандида, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бинову корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷид ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан дар маҷмӯи амали дар роҳи Худо анҷомдода дохил шудааст; 8. Ибни сабил– мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (ба монанди дониш­ҷӯ­ёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо баъди расидан ба   ис­тиқ­­ло­лияти давлатӣ масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фар­ҳанг­солории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амни­ятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати буҳронии шадид падид омад. Чунин анъана роиҷ шудааст, ки тамоми камбудиҳои ҳаёти фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва динӣ-эътиқодиро дар сиёсати дохилии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таъсири ҳалокатбори омилҳои беруна пайванд доданӣ мешаванд. Албатта, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва ҳаёти мустақилона баробари барҳам хӯрдани сиёсати геополитикии дуқутбӣ як ҷунбиши таҳоҷуми дутарафа ва ошноӣ бо воқеияти ҷаҳон бидуни миёнарав ба амал омад. Набояд фаромӯш кард, ки тақдир тақрибан як миллион нафар шаҳрвандони моро гурезаи иҷборӣ кард ва онҳо дар шароити ниҳоят вазнин дар шимоли Афғонистон ва дигар кишварҳои дӯст як муддат азоби ғарибӣ чашиданд. Ба назари мо, падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба ҳизбу созмон ва мазҳабҳои бегона маҳз дар ҳамин давра тарҳрезӣ шуда буд. Гузашти айём нишон дод, ки ҳадафи ниҳоии ин сиёсатбозиҳои динӣ аслан дар зери хатар мондани ваҳдати миллии тоҷикон будааст. Ба мардуми ғофил аз асосҳои эътиқо­дӣ ва раҳоёфта аз чанголи атеизми динӣ дар он замони номуайянии фарогири охири садаи ХХ неруҳои манфиатхоҳ пешниҳод мекарданд, ки озо­до­на мисли иваз кардани пули сомонӣ ба доллари амрикоӣ дину эътиқоди худро ба ҳар дину мазҳабе, ки хоҳанд, иваз кунанд. Ва ин пешниҳодҳо дар ҳолати ҳамкорӣ ҳеҷ гоҳ бе мукофоти пулӣ ва қадрдонӣ набудааст. Дар ҳамон солҳои мудҳиш як гурӯҳи рӯҳониён муҳоҷирони иҷбориро ба созмонҳои хайриявии исломӣ муаррифӣ мекардаанд ва ҷумлаҳои зерини арабӣ вирди забони онҳо будааст: «Наҳ­ну наҳтоҷ нуқуд. Индано муҳоҷирун касир» – «Мо ба маблағ ниёз дорем. Дар назди мо муҳоҷирон зиёданд». Бо ҳамин тарзи муомила онҳо аз созмонҳои гуногуни асосан исломӣ маблағ ба даст меовардаанд.

Бояд гуфта шавад, ки аз оғози ислом то имрӯз дар фарҳанги мусулмонон се тарзи ифодаи муносибат ба дин ташаккул ёфтааст, ки дар динҳои ҷаҳонии дигар ҳам бо шаклу мазмунҳои монанд бар он ҷой дорад. Якум, диндорон гурӯҳеанд, ки новобаста аз касбу кор, донишу маърифат, вазъи иҷтимоӣ ва мақому вазифа динро муқаддас медонанд, онро эҳтирому арҷгузорӣ мекунанд ва ба олами маънавии худ тавассути он ғановат мебахшанд. Дуюм, динсозон гурӯҳи замонасозе мебошанд, ки танҳо ба хотири манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ба арзишҳои динӣ муносибат зоҳир менамоянд, худро ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ мекунанд. Онҳо аз номи дин ончунон бо виқору боварӣ сухан мегӯянд, ки гӯё ҳуқуқи дар бораи ислом масъалагузорӣ кардан танҳо ба ҳамин гурӯҳ  вогузошта шудааст то ҷое, ки метавонанд рафтору кирдори дурус­ти ҳар мусулмонро ғалату беарзиш нишон диҳанд. Сеюм, динбозон гурӯҳи хатарноки сиёсие мебошанд, ки динро ҳамчун абзори тавонои идеологӣ бо роҳи сиёсат, зӯрӣ, зулму шиканҷа барои ба даст овардани қудрат бозӣ медароранд. Дар назди ин тоифаи мардум аслан дин ҳеҷ арзишу қудсият ва вологуҳарие надорад. Дин барои онҳо идеологияи муқтадирест барои мағзшӯӣ кардани насли ҷавон ва дарёфти муздурони корӣ. Вазъияти кишварҳои арабиро дар даҳаи дуюми асри XXI мисоли равшани рафтори гурӯҳи динбозон шуморидан мумкин аст. Ба вуҷуд омадани падидаи динфурӯшии хориҷ аз ақлу мантиқ дар фаъолияти созмони террористии «давлати исломӣ», онро пайравӣ кардани як қисмати мардуми арабитабор ва ба онҳо пайвастани ҷавонони ноогоҳ аз дигар кишвар­ҳои ғайриарабии мусулмонӣ камоли ҷаҳолат ва бехабарист. Намунаи нангини созмони террористии мабно ба арзишҳои динӣ будани ДОИШ аз он шаҳодат медиҳад, ки қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ эътиқодро рукни асосии ҳувияти миллӣ медонанд. Миллат метавонад бе забон ва ё бе ваҳдати ҷуғрофӣ муддати дароз мавҷудияти худро дар миёни бегонагон нигоҳ дорад, вале бе ваҳдати эътиқодӣ ҳаргиз вуҷуд дошта наметавонад. Хамирмояи равонӣ ва маънавии миллӣ- ин ваҳдати эътиқодии миллат аст. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ҳанӯз ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметаво­над, мавҷудияти худро дар хатар мегузорад.

Ҳамон омилҳои дар боло ёдшудаи таъсири беруна боиси тағйир ёфтани мақоми рӯҳониён дар ҷомеа гардид. Онҳо дар назари хориҷиён ҳамчун пуштибони мардуми ҷабрдида муаррифӣ шуданд ва ёрии пулию молиявӣ ба мусулмонон ва сохтани масҷидҳо ҳам аз тариқи онҳо дода мешуд. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар саросари Тоҷикистон ва қувват гирифтани ҳокимияти сиёсӣ робитаҳои хориҷии рӯҳониёнро маҳдуд сохт. Аз ин рӯ, ҷалб намудани имкониятҳои дохилӣ роҳандозӣ карда шуд. Ба рӯҳониёни бонуфуз ва умуман ходи­мони дин маблағи садақаву закотро супорида, дуо гирифтан аз ҷониби гурӯҳҳои бонуфуз ва сарватманд падидаи муқаррарӣ гардид, ки он имрӯз як раванди нохушоянд касб карда­аст. Ин амал мухолифи омӯза­ҳои Қуръону суннат буда, ҳамчунин хилофи моҳият ва ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кумак ба табақаҳои муайян аст. Ин вазъият дар ҳолест, ки агар ҳама гуна садақа таъйиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои камбизоат, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусулмонон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар ҳамагон медонанд, ки ба аксари рӯҳониён дар минтақаҳои гуногуни кишвари мо бо номҳои         эҳтиро­мии бобои мулло, домулло, эшон, махсум, мавлавӣ, тӯра, охунд, халифа ва боз чандин номҳои дигар муроҷиат мекунанд ва онҳо худро ҳамчун саййидзода, яъне пайванди хешӣ доштан ба пайғамбари ислом (с) муаррифӣ менамоянд. Албатта, собит кардани воқеияти ин даъвоҳо мавзӯи баҳсҳои дигар аст. Вале агар фарз кунем, ки ин матлаб заминаи воқеӣ дорад, пас онҳо бояд яқин донанд, ки авлоди пайғамбар ҳеҷ гоҳ моли садақаро намехӯрданд. Барои исботи ин гуфтаҳо матни пурраи ду ҳадисро аз «Саҳеҳ»-и имом Бухорӣ айнан мебиёрем:

Ҳадиси № 1485. Умар ибни Муҳаммад ибни ал-Ҳасан ал-Асадӣ ба мо нақл кард: падарам ба ман нақл кард: Иброҳим ибни Таҳмон ба мо нақл кард, аз Муҳаммад ибни Зиёд, аз Абӯҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: «Барои пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, хурморо ҳангоми аз дарахт чидан меоварданд – яке хурмояшро меовард, дигаре низ хурмояшро меовард – то дар назди ӯ аз хурмо як тӯда мешуд. Ва Ҳа­са­ну Ҳусайн, разия-л-Лоҳу анҳумо, бо он хурмо бозӣ мекарданд. Боре яке аз он ду хурмоеро гирифту ба даҳон андохт. Пайғамбар, салла-л-Ло­ҳу алайҳи ва саллам, ӯро дид ва он хурмо аз даҳони ӯ берун карду гуфт: «Оё надонистаӣ, ки хонадони Муҳаммад садақа (закот) намехӯранд?»

Ҳадиси 3072.Муҳаммад ибни Башшор ба мо нақл кард: Ғундар ба мо нақл кард: Шуъба ба мо нақл кард, аз Муҳаммад ибни Зиёд, аз Абӯҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки ал-Ҳасан ибни Алӣ аз хурмоҳои садақа як дона гирифта, ба даҳон андохт. Пас пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (бо истифодаи калима) ба забони форсӣ гуфт: «Ких-ких», оё намедонӣ, ки мо садақа намехӯрем?!» Пас кулли саййидзодагони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар масъалаи дастдарозӣ кардан ба маблағи садақа ва закот тафаккуру андеша намоянд. Дар «Тафсир»-и Куртубӣ зимни шарҳи ҳукми омилони закот омадааст, ки: “ва дар масъалаи ҷоиз будани омили закот будан барои ҳошимӣ (саййидзода) фақеҳон ихтилофи назар доранд, вале имом Абӯҳанифа ин амалро манъ намудааст ба далели ин ҳадиси муборак, ки: “ҳаройина садақа барои Оли Муҳаммад ҳалол нест, зеро садақа палидиҳоест, ки аз моли мардум (барои пок кардани он) берун оварда мешаванд”. Аз ин мавқеъ, саййидзодагон, баръакс, бояд ончунон корҳои худоҷӯёнаеро ба роҳ монанд, ки вазъи иҷтимоии табақа­ҳои камбизоат аз ҳисоби таъйиноти иҷтимоии худро дуруст пайдо кардани маблағи садақа ақаллан каме беҳбудӣ пайдо кунад ва андаке ҳам бошад, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии динӣ танта­на кунад?! Масъалаи ба ҳақдор расонидани садақа дар шароити фароги­ри буҳрони молиявию иқтисодӣ ва ҳангоми тангдастӣ савобу  иҷо­ба­ти бештар пайдо мекунад. Таҷрибаи рӯзгор борҳо баҳра додааст, ки дар анҷу­манҳои фарохдаст ва худкифо ҳама вақт табақаи рӯҳониён ва хунё­га­рон бархурдорӣ ва қаноатмандии басанда доштаанд. Беҳтар он бошад, ки ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрӯз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то ризомандии Аллоҳи Зулҷалол насибамон гардад.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои миллат ҳама­сола дар арафаи ду иди бузурги мусулмонон шахсан ба ятимону барҷо­мон­дагон дасти кумак расонида, суннати пойдори мазҳаби  ҳана­фии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшанд. Зери таъсири ҳамин ташаб­бус­ҳо аксари соҳибкорону тавонмандон иқдомҳои одило­на ва худоҷӯёнаи ӯро дастгирӣ карда, ҳар сол аз порсола бештар ба табақаҳои ниёзманд холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд. Бад-ин васила, арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар  анъа­на­­ҳои писандидаи ин маросимҳо тарғибу ташвиқ карда мешавад, ки он аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

 

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент