Гиромидошти хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия
Душанбе, 01.08.2016, /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 1-уми августи соли равон дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия «Калибата» гулчанбар гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.
Оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия «Калибата» дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда, оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.
Дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






