Идомаи сафари кории Пешвои миллат ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамзамон дар макони бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм боздид намуд.
Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.
Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ — конструктивӣ ба итмом расидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот дар вохурӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.
Дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, ҳолатҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳо ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.
Аснои боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарият сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳад.








































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






