Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе

Август 30, 2016 11:26

Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки он дорои боғчаи кӯдакона, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад. Биноҳои муосири 12-ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки манзилҳои истиқоматӣ, аз як то панҷҳуҷрадор буда, дар маҷмуъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд. Аз ҷумла дар ин ҷо 14 адад манзили зисти якҳуҷрадор, 62 адад ду ва сеҳуҷрадор ва 36 адад чорҳуҷрадор мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар вақти сохтмон то ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Тавре ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани иншоот зиёда аз 200 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Имрӯз рушди соҳаи соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати мамлакат мебошад ва ҳамин аст, ки дар ин самт пайваста муваффақиятҳои комил ба даст меоянд.

Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳҳомии кӯшодаи «Саноатсохтмон» ва фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мега групп констракшен» мебошад. Биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ёфта, саҳни он бо назардошти талабот назаррабо гардонида шудааст.

Иншооти нав ҳамзамон дорои боғчаи кӯдакон барои 60 нафар мебошад, ки чанд нафар мураббияҳои ботаҷриба соҳиби ҷойи кор шуданд. Фарзандони истиқоматкунандагон бевосита дар шароити замонавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Машғулиятҳои пайвастаи кӯдакон бошад дар майдончаи варзишӣ сурат мегирад.

Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо маркази савдо, боғчаи кӯдакон ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна барои 178 автомобил иборат буда, дар он шаҳрвандон аз тамоми хизматрасониҳо барои истиқомат бархӯрдор мешаванд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 43 ҳазор м2-манзили истиқоматӣ, шумораи умумии квартираҳо ҳамагӣ 500 адад, аз ҷумла: 1 ҳуҷрагӣ 136 адад, 2 ҳуҷрагӣ 187 адад, 3 ҳуҷрагӣ 140 адад, 4 ҳуҷрагӣ 37 адад; марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо масоҳати 12 ҳазор м2, муассисаҳои томактабӣ — 280 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ — 1200 ҷойи нишаст, мавриди истифода қарор гирифтанд. Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 1500 нафар ва баъди сохтмон беш аз 2100 нафарро ташкил медиҳад.

Август 30, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд