Ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самар СН” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Юё” мебошад.
Барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якум бо шароити машқу тамрин ва толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, гуштини тарзи дзюдо ва гимнастика шинос шуданд.
Дар ошёнаи дуюм толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон омода гардидааст.
Дар ошёнаҳои сеюму чорум бошад, утоқҳои меҳмонони олимақом, доварон, нуқтаи ёрии тиббӣ, толори хурд ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд гардидааст. Идораҳои маъмурӣ, ҷойи либосовезӣ, қаҳвахона, хонаҳои қабули меҳмонон, нуқтаи ташхиси маводҳои допингӣ аз ҷумлаи имконоти дигари муосири ин маҷмааи варзишӣ мебоошад.
Дар ин ҷо ҳамчунин барои шореҳони варзиш утоқҳои махсус бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз сохта шудааст.
Акнун баъди ифтитоҳи ин муҷтамеи бузурги варзишӣ имкон аст, ки бо истифода аз тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла толорҳои бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз ҷавонону наврасон машқ намуда, бозиҳои шавқовар доир намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар хориҷи мамлакат мебошад, аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок ва шарафи номусу нанги мардуми Тоҷикистонро ҳимоя карданд.
Зимни шиносоӣ аз шароити муҷтамеи варзишӣ, бозии дастаҳои варзишии ноҳияро тамошо карда, ифтитоҳи ин маркази бошукуҳи варзиширо ба онҳо муборакбод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда доданд ва ба онҳо барои бунёди маркази варзишӣ изҳори сипосу минннатдорӣ намоянд.






















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






