Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ барои 150 нафар дар шаҳри Сарбанд

Август 24, 2016 11:22

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Сарбанд бо буридани лентаи рамзӣ, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии хусусии «Нигина»-ро ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҳамакнун дар ин муассиса 150 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 15 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардиданд, ки дар навбати худ бо маоши мувофиқ таъмин ҳастанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин Муассисаи томактабӣ аз моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, инак бо иштироки Пешвои миллат, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Фармоишгари иншоот соҳибкорзан Мадина Асадуллоева ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Собир-Сам» мебошанд.

Маблағи лоиҳавии иншоот 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва он ба таври дуошёна бунёд гардидааст.

Муассисаи томактабии хусусии «Нигина» дар маҷмӯъ аз 10 ҳуҷра иборат мебошад, ки аз ин 6 ҳуҷраи хоб ва боқӣ барои корҳои амалию варзишӣ ва дигар машғулиятҳо нигаронида шудаанд.

Дар ошёнаи аввали бино ошхона бо 150 ҷойи нишаст дар хизмати тарбиятгирандагон қарор дорад.

Ҳуҷраи тиббӣ барои кумакҳои аввалия ва толори маҷлисӣ бо ғунҷоиши 50 ҷойи нишаст ҳам вобаста ба завқу хоҳиши кӯдакон оро ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Сарбанд то ба имрӯз 3 адад чунин муассисаҳои томактабӣ фаъолият доштанд, ки дар онҳо 485 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи дигар, инак шумораи фарогирандагон бештар ва шароит ҳам хубтар шуд.

Муассисаи томактабии «Нигина» дар майдони 40 садяк бунёд гардида, атрофи он девор ва панҷарабандӣ гардидааст.

Сарвари давлат бо тамоми шароити муҳайёшуда дар ин Муассисаи нави томактабӣ шинос гардида, иқдоми муассиси онро бобати бунёди чунин як кӯдакистони зебову замонавӣ ва шароити хуби таълиму тарбия фароҳам овардан барои насли оянда намунаи ибрат хонд.

Август 24, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд