Ифтитоҳи навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил»

Август 31, 2016 07:49

Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил» иштирок намуданд.
Сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бузургтарин ва муассиртарин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки ба бунёди ин маҷмааи нассоҷии дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда, корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дӯзандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар буда, дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лента ва пахши таҷҳизоти рамзӣ расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил» оғоз бахшида, ба сокинони ноҳияи Данғара ва дар маҷмуъ ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободию бунёдкорӣ расонданд.
Ин маҷмааи нассоҷӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд шуда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он навтарин технологияи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ширкатҳои шуҳратманду ҷаҳонии ШМА, Италия, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии мардумии Чин васлу насб шудааст.
Бояд гуфт, ки дар навбати аввали корҳои истеҳсолии Маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара-Син-Силу-Текстил» беш аз 15 ҳазор тонна нахи пахта коркарди саноатӣ шуда, зиёда аз 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
То имрӯз барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ дар ҳаҷми умумии 600 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои истеҳсолот дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд. Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат дар айни замон Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмааи имрӯза беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хом дар якчанд ноҳияи дигари вилояти Хатлон, ки дар ҳудуди онҳо заминҳо барои кишти пахта вобаста карда шудаанд, бунёди корхонаҳои пахтатозакунӣ дар назар дошта шудааст. Дар айни замон барои фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил» ашёи хом яъне пахтаи коркардшуда аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа дастрас карда мешавад. Муҳимияти ба кор даровардани маҷмааи нассоҷӣ боз дар он аст, ки дар заминаи он фаъолияти чандин коргоҳу корхонаҳои дигари соҳа вусъати тоза гирифта, парвариши пахта ривоҷ меёбад ва аз ин ҳисоб боз ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Баъди шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмони маҷмаа, таҷҳизоту технологияҳо ва раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури мардуми ҷамъомада ва аҳли заҳмати корхона суханронӣ намуданд.      Тавре таъкид шуд, рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор рафта ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо ба таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои саноатӣ, муҳайёсозии даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав ва афзоиши буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардида, аз он 10-12 ҳазор тонна дар дохил коркард мегардад ва боқимонда ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот шуда, ҳамчунин беш аз 80 фоизи маҳсулоти дӯзандагӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» аз ин баъд шароит фароҳам меоварад, то сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои васеъ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ фаъолтар кор кунанд.
Ба кор андохтани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» боз як қадами боварибахшу устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, пешгирӣ аз афзоиши содироти он ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолӣ дар саросари мамлакат буда, ҳамчунин иқдоми бузург ва беамсол дар роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои воридоти маҳсулоти аз пахта омодашуда ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Август 31, 2016 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд