Масъули «Гармчашма»: Сайёҳон мегӯянд, ки Тоҷикистон воқеан кишвари дӯстдоштанист

Август 18, 2016 10:31

Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Истиқлоли миллӣ бояд ҳар инсони баору номус сар рӯи каф гузорад ва андеша кунад, ки ин неъмати бебаҳо ба миллати мо бо чӣ талошҳову ҷонбозиҳо муяссар гардидааст.
Роҳи тайкардаи миллати тоҷик дар масири расидан ба озодиву истиқлол тӯлонӣ ва пур аз шебу фароз буд. Чандин насли аҷдоди мо орзуи  даст ёфтан ба ин неъмати бебаҳоро бо худ ба хок бурдаанд. Набояд фаромӯш кард, ки  тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд ва дар дил таманнои истиқлолро мепарвариданд.
Шукргузор бояд буд, ки баъди ҳазор соли инқирози давлати Сомониён бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик аз нав ба эҳё ва бунёди  давлати миллии худ ноил гардид.
Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, бахусус мо тоҷикон беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, инчунии ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла сиёсату иқтисод, саноату энергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.
Ин неъмати гаронбаҳо ба давлату миллати тоҷик имкон дод, ки мо дастовардҳои таърихӣ, фарҳангу маданияти воло ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарвариро ба ҷаҳониён нишон диҳем ва дарвоқеъ собит намудем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо бо осору эҷоди гаронбаҳои шоирону нависандагон, олимону мутафаккирони барҷаста ва зиёиёни донишманди худ оламшумул гардидааст.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият мукаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Маҳз истиқлол боис гардид, ки нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври бесобиқа боло рафт ва имрӯз кишвари азизи моро аксари давлатҳои ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати бобарори  хориҷии Пешвои дурандеши хеш узви бонуфузтарин созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст ва иқдомоти кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо пуштибонӣ ёфтааст.
Эътироф шудан дар сатҳи ҷаҳонӣ  дар баробари дигар бахшҳо ба рушди туризм ва сайёҳӣ дар кишвар замина гузошт. Ҳамагон медонанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафарҳои хориҷии худ ҳамеша аз табиати биҳиштосо ва манзараҳои нотакрори кишвари маҳбуб ситоиш мекунанд ва аз ҷаҳонгардон ҷиҳати боздид аз ин сарзамини афсонавӣ даъват ба амал меоваранд, ки ин албатта таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар мекунад.
Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро чун як кишвари ҷолиби сайёҳӣ эътироф кардаанд ва аксари ниҳодҳои сайёҳии байналмилалӣ сарзамини моро ба қатори беҳтарин кишварҳо барои сайёҳӣ шомил кардаанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар рўйхати мусоидтарин кишварҳо барои саёҳати Globe Spots, дар даҳгонаи беҳтарин Тоҷикистон дар ҷои дуввум қарор дода шудааст, зеро Тоҷикистон  дар  роҳи корвонгузари қадим —  «Роҳи Абрешими бузург» ҷой гирифта, Аврупоро ба кишварҳои Шарқ мепайвандад. Сабаби дигари онро ба обҳои шифобахши табиии Тоҷикистон марбут медонанд, ки мисоли он «Гармчашма»-и Ишкошим  буда метавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим таъкид дошта буданд, ки «Бадахшон ҳамеша бо табиати пурасрору нотакрори худ таваҷҷуҳи ҳазорон олимону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд».
Бояд гуфт, ки ҳарчанд давоми чанд соли ахир шумораи меҳмонони хориҷие, ки аз Бадахшон дидан мекунанд,  зиёд шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз имкониятҳои фарохи истифоданашудаи ин макон бисёранд.
Аз ҷумла рушди туризм дар Бадахшон тавассути густариш додани бахшҳои кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва муолиҷа аз тариқи обҳои шифобахш таъмин мегардад.
Солҳои охир дар осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Бибӣ Фотимаи Зӯҳро», «Ширгин» ва «Зонг» шароити мусоид барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Ман дар ҷараёни фаъолият дар осоишгоҳи «Гармчашма»  мушоҳида кардаам, ки сайёҳони хориҷӣ чи гуна бо муҳаббат ва шавқи беандоза дар мавриди табиати нотакрори Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аксари онҳо зимни боздид  бо ҳаяҷон таъкид медоранд, ки ин кишвар воқеан сазовори дӯстдорӣ ва ифтихор аст. Онҳо аз сулҳу субот ва оромиву осудагӣ дар мамлакати мо ситоиш мекунанд, ки бо вуҷуди паси сар гузоштани ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаммарз будан бо Афғонистон тавониста, ки суботи комилро дар қаламрави хеш таъмин намоянд.
Бо итминон гуфта метавонам, ки ҳар ҷаҳонгарде, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад, орзуи дубора меҳмони кишвари мо шуданро дорад.
Шак нест, ки дар солҳои наздик  дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди туризм ноҳияи Ишкошим ва умуман кулли Тоҷикистони маҳбуб  ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад.
Аммо, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки маҳз истиқлол ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ боиси рушди бемайлони тамоми бахшҳо, аз ҷумла туризму ҷаҳонгардӣ аст.
Истиқлол шоҳроҳест, ки моро ба кӯи мақсуд мебарад. Ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб аст.  Ваҳдату истиқлол ду неъмати бебаҳову беамсол барои миллати куҳанбуёди тоҷик аст ва ман бовар дорам, ки ҳар фарди ватандӯсту ватанхоҳ талош хоҳад кард, ки барои пойдории он саҳм гузошта бошад.

Рауф Отамшоев,
корманди масъули
осоишгоҳи «Гармчашма»

Август 18, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид