Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Индонезия

Август 1, 2016 11:16

Душанбе, 01.08.2016 /АМИТ «Ховар»/ Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории судманд бо кишварҳои исломӣ ва минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ аҳамияти хосса дода рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро бо бузургтарин кишвари исломӣ – Ҷумҳурии Индонезия дорои аҳамияти муҳим меҳисобад.

Аз вазъи кунунии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва наздикию мувофиқати мавқею назарҳои ҷонибҳо нисбати масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи мустаҳкаму боэътимоди тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маънидод гардид.

Тавре таъкид шуд, ҳаҷми савдои хориҷӣ ва гардиши мол байни Тоҷикистону Индонезия шаҳодат аз он медиҳад, ки иқтидору имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар арсаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол дар шакли матлуб ва самаранок истифода нашудаанд.

Ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва мунтазам гузаронидани ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ин Комиссия зарур шуморида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди баргузории ин гуна машварату муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ дар оянда иштироки ҷониби Индонезия дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон афзун гардида шароити мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои навини Индонезия дар ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад.

Таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, рушди туризми кӯҳӣ ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок,ки имконоти Тоҷикистон дар ин соҳаҳо хело бузург мебошад аз самтҳои дигари муҳими муштаркоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Индонезия арзёбӣ шуд.

Дар ин замина ҳамчунин аз ҷониби сарони ду давлат барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва либосворӣ, истихроҷи ангиштсанг ва бунёди неругоҳҳои  хурду миёнаи барқи обӣ  ҳамчун самтҳои наву ояндадори ҳамгироии дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар музокироти сатҳи олӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Индонезия дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Индонезия ҳавсмандӣ зоҳир намуда баргузории  намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии Индонезияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2012 ва ба роҳ мондани муколамаи васеи ходимони илму адаби ҳар ду ҷонибро иқдоми муҳиме дар роҳи ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои фарҳангӣ медонад.Идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф  дар чаҳорчӯби барномаи Дармасисва (Барномаи омузишии бурсиявӣ барои хориҷиён)    ва  бештар ба таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Индонезия низ дар шароити кунунӣ амали барои ҳар ду ҷониб мафиатбор арзёбӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамзамон омодагию ҳавасмандии худро дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироти ҳайатҳои расмӣ аз Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба  Тоҷикистон  сафари расмӣ анҷом диҳанд.Даъват бо камоли майл ва изҳори омодагии ҳамаҷониба  пазируфта шуд.

Август 1, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Шукрона»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо ифтитоҳи корхонаи хишт оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ 12 километр роҳи мумфаршу чароғонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро ифтитоҳ намуданд