Мутахассисони Саридораи геология обшавии пиряхҳо ва хавфи омадани селро муайян мекунанд
Тоҷикобод, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи обшавии зиёди пиряхҳо ва шикастани собиқ пиряхи «Пётри як»-и баландкӯҳҳои ноҳияи Тоҷикобод 28 августи соли равон оби дарёчаи шӯраки деҳаи Капалии ҷамоати деҳоти Қалъаи ноҳия зиёд гардида, ба хоҷагиҳои деҳаи Капалӣ хисороти зиёд овард. Истиқоматкунандаи деҳаи мазкур Ҳоҷивалӣ иброз намуд, ки ҳарчанд як адад трактор, як вагон занбӯри асал, захираи зимистона, аз қабили маводи хӯрокӣ, сӯзишворӣ, либосҳо ва хонаи истиқоматиам садамавӣ шуда бошанд ҳам, аммо рӯҳафтода нестам. Чунки зану фарзандонам 2 дақиқа пеш аз омадани сел аз хона ба ҷойи бехавф баромаданд ва ба онҳо осеб нарасид. Саломатии зану фарзандонам аз ҳамаи моли дунё болотар аст ва шукрона мекунем, ки зинда мондаем. Мо рӯҳафтода нестем, зеро ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дорем ва моро дар чунин рӯзҳо танҳо намегузоранд. Аз рӯзи омадани сел Ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони ноҳия ба зарардидагон кумакҳои аввалиндараҷа расонида истодаанд ва ба бартарафсозии офати табиӣ машғул мебошанд.
Айни замон комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Тибқи иттилои сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Тоҷикобод Аваз Сафарбеков, субҳи имрӯз бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути чархбол ҳолати обшавии пиряхҳои мавҷуда ва то кадом андоза мавҷуд будани хавфи дубора омадани селро муайян месозанд. Айни замон мутахассисони соҳаи геология ба кори омӯзишӣ шурӯъ намудаанд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






