Олег Иванов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Душанбе нисбат ба пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ рушди бештар дорад»

Август 17, 2016 13:46

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Зимни мулоқоти раиси  Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов масъалаи тақвияти ҳамкории илмиву фарҳангӣ дар доираи фаъолияти ҶДРФТ ва Сафорати Беларус дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Зикр  шуд, ки  дар назди ҶДРФТ 23 Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону  Беларус», ки дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон созмон ёфтааст, фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҶДРФТ ширкати фаъолона дорад. ҶДРФТ бо Сафорати Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад ва ин анъанаи равобит дар оянда низ идома меёбад. Фаъолияти ҶДРФТ ва Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Беларус дар ҳамон шакле, ки дар замони Шӯравӣ буд,  то кунун нигоҳ дошта шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов андешаҳои худро дар бораи пешрафтҳои ахири Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тағйир ёфтани симои шаҳри Душанбе баён дошта, таъкид кард, ки ман 10 сол пеш ба шаҳри Душанбе омада будам ва ҳоло Душанбеи имрӯза аз Душанбеи 10 соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Шаҳри Душанбе нисбат ба пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ рушди бештар дорад ва мо умедворем, ки дар солҳои оянда шоҳиди тараққиёти аз ин бештари пойтахти Тоҷикистон хоҳем шуд.

Август 17, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад