Олимпиадаи Рио: Тоҷикистон бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум

Август 22, 2016 08:59

Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тиллои Дилшод Назаров дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Баъди натиҷагирии рӯзи понздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор дастаи мунтахаби ИМА бо 121 медал (43 тилло, 37 нуқра ва 36 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.
Британияи Кабир бо 67 медал (27 тилло, 22 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севум  мебошад.
Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (19-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Австралия (8-11-10) ва Италия (8-12-8) дохиланд.
Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд.
Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар — Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ  ҷойи 21-ум), Украина (2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 биринҷӣ  ҷойи 28-ум), Узбекистон (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ  ҷойи 32-юм), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ  ҷойи 37-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 4  медали нуқра ва 10 биринҷӣ  ҷойи 39-ум), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали бириҷӣ  ҷойи 40-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра  ҷойи 42-юм), Тоҷикистон (1 медали тилло  54-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ  ҷойи 64-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ  ҷойи 78-ум) ва  Эстония (1 медали биринҷӣ  ҷойи 78-ум)  ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштанд.
Дар Олимпиадаи Рио варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ — Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон  медал ба даст наовардаанд.
Зимнан, додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) вазнбардори Қирғизистон  Иззат Ортиқовро аз медали биринҷӣ, ки рӯзи 10 август дар мусобиқот дар вазни то 69 кг дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гирифтааст, ба иллати истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг маҳрум кард.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд. Дар рӯзи чордаҳуми мусобиқот  19 август варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин бори нахустин аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.
Маросими супурдани медалҳои олимпӣ ба Дилшод Назаров, Иван Тихон (Беларус, бо нишондоди 77,79 метр медали нуқра) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон, 77,73 метр, медали биринҷӣ) шоми 20 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд.
Шаш варзишгари дигари тоҷик — Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр)  ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 21 август гуфт, ки дар маросими пӯшидашавии Бозиҳо бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон ба зиммаи муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов, узви дастаи мунтахаби олимпии кишвар вогузор шудааст.
Муҳаммадшо Абдуллоев ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон соати 03:35-и 27 август тавассути ҳавопаймо аз Истанбули Туркия ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасад. Вале Дилшод Назаров ҳамроҳи мураббиаш Владимир Машко ва менеҷераш Кртен Либер, ҳарду шаҳрванди Ҷумҳурии Чех, рӯзи 23 август аз Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Прага сафар мекунанд. Баъдан дар назар аст, ки Дилшод бо хатсайри Прага-Маскав-Душанбе рӯзи 26 август ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Август 22, 2016 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд