С. Раҳимзода: «Обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла пиряхи Федченко ташвишовар аст»

Август 11, 2016 16:51

Душанбе, 11.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. «То чанде пеш, дар Тоҷикистон, бештар аз 14 ҳазор пиряхҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд доштанд, вале имрӯз беш аз 1000-тои онҳо нест шудаанд.» — гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд,  9 август дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор  «Таъмини дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, дар бораи 30% аз даст додани ҳаҷми пиряхҳо ва идомаи он  изҳори нигаронӣ намуд. Сарвари давлат ҳамчунин  бузургтарин пиряхи минтақавӣ- пиряхи Федченкоро, ки танҳо дар  даҳ соли охир дар ҳаҷми наздики 2 км. мураббаъ ях об шудааст, номбар кард.
Султон Раҳимзода нигаронии Сарвари давлатро дар робита ба ин масъала шарҳ дода, таъкид кард, ки бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ дар Помир солҳои охир аз андозаи аслии худ қариб як километр кам шудааст. Вай изҳори нигаронӣ намуд, ки акнун қисми поёнии пиряхҳо, тақрибан дар тӯли ҳашт километр кафида,  бо кӯлҳои пиряхӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин «аз таназзули бузургтарин пирях дар минтақа шаҳодат медиҳад». Ӯ афзудааст, ки то соли 2050 дар Тоҷикистон имкон дорад, ҳазорон пиряхҳои хурд ва миёна нопадид шаванд.
Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, ҳамчунин ба фоҷиаи калони дигар — хушкшавии баҳри Арал таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, майдонҳои обёришаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ қариб ду баробар зиёд шуда, ба 8 млн. га.расидаанд.  Афзоиши майдони обёрӣ, асосан дар кишварҳои поёноб, дар минтақаҳои ҳамвор, ки беҳтарин шароитро барои рушди кишоварзии обёришаванда фароҳам овардааст, ба назар мерасад. Бад- ин сабаб сарфи об аз Амударё ва Сирдарё дучанд афзоиш ёфт, ки он боиси коҳиши ҷоришавӣ ба баҳри Арал ва камобшавии он гардид. Дар айни замон, баҳр, зиёда аз 90% ҳаҷми собиқ ва беш аз 80% масоҳаташро гум кардааст, ки ин дар навбати худ мушкилоти зиёди на танҳо муҳити зист, балки масоилииҷтимоӣ  иқтисодиро эҷод кардааст.
Миқёси буҳрони баҳри Арал бузург аст ва борҳо таъкид  шудааст, ки он аз марзҳои Осиёи Марказӣ убур кардааст. Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар байни онҳо тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ ташвишовар аст, чун  аз як тараф ба камшавии захираи об ва аз тарафи дигар, ба афзоиши истифодаи об мерасонанд. Бино ба арзёбии коршиносон, захираи пиряхҳо дар минтақа, аз нимаи дуюми асри ХХ бо шиддатнокии миёнаи 0,60,8% солона дар майдони яхбандӣ ва наздики 0,1% — аз ҳаҷми ях кам мешаванд.

Август 11, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад